Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай рӯзи 15-уми май дар Чин баҳси пиромуни барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ хоҳанд кард. Сухангӯйи Вазорати умури берунаи Чин Лю Ҷинчао гуфт, онҳо ҳамчунин дастури кори мулоқоти сарони созмонро, ки бояд дар моҳи июн баргузор шавад, таҳия мекунанд. Ба гуфтаи Ҷинчао, вазирони Чину Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар ин нишаст дар Шонгҳай роҳҳои амиқбурди ҳамкориҳоро мавриди гуфтушунид қарор дода, дар масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар хоҳанд кард. Вай афзуд, баррасии баҳси пиромуни Эрон дар салоҳдиди ширкаткунандагони нишаст хоҳад буд.
Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай мақоми нозирро дошта, дар пайи узвияти комилҳуқуқ ба ин ниҳод аст. Сухангӯйи Вазорати умури берунаи Чин иттилоъ надод, ки оё вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ дар нишасти 15-уми май ширкат хоҳад кард ё на.
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай дар соли 1996 барои ҳалли мушкилоти марзии Чин бо кишварҳои шӯравии собиқ таъсис ёфта, дертар ба як иттиҳоди сиёсию амниятии минтақавӣ бадал гашт. Ӯзбакистон дар соли 2001 ба сафи он пазируфта шуд. Бархе аз нозирон ин ниҳодро повазни нуфузи Амрико дар минтақа мешуморанд.
XS
SM
MD
LG