Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби ҳамаи 47 узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ


Ахиран маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 47 аъзои ҳайъати Шӯрои нави ҳуқуқи башарро интихоб кард. Ин шӯро ҷойгузини комиссиюни пешини ҳуқуқи башар шуд, ки он пайваста мавриди танқид қарор дошт. Ба он хотир ки мамолики дорои собиқаи ваҳшатноки нақзи ҳуқуқи башар дар ҳайъати он комиссиюн шомил буданд ва ҳамеша монеъи кори комиссиюн мешуданд. Агарчӣ дар ҳайъати Шӯрои нави ҳуқуқи башар кишварҳои дорои собиқаи нақзи ҳуқуқи инсон ба мисли Русияву Озарбойҷон ва Чин ҳастанд, аммо гурӯҳҳои дидбони ҳуқуқи башар гуфтанд, изҳори умедворӣ кардаанд, ки фаъолияти ин шӯро беҳтар аз комиссиюни пешини ҳуқуқи башар хоҳад буд.

Дар миёни кишварҳое, ки натавонистанд раъйи заруриро барои ворид шудани ба ин шӯро ба даст оранд, Эрону Ироқу Қирғизистон ҳастанд. Либияву Судан, ки бо раъйи мухолифи худ намегузоштанд, эъломияҳои интиқодии шадидуллаҳни Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ қабул шавад, ин дафъа аз ҳайъати шӯро берун мондаанд.
Аз ҳоло бархе кишварҳо, мисли Олмон, изҳори умедворӣ кардаанд, ки тағйирот дар ҳайъати Шӯрои ҳуқуқи башар барои фаъолияти пурмаҳсули он мусоидат хоҳад кард.

Ва аммо саволе, ки ҳоло матраҳ аст, ин аст, ки то куҷо бо ҳайъати нав ин ниҳоди Созмони Милал, метавонад дар роҳи татбиқи ормонҳои башарӣ муваффақ бошад, ба вижа дар шароите, ки бархе кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар аъзои он шудаанд.
Хонум Мариет Гранд, ки аз созмони Дидбонии ҳуқуқи башар дар Женева гуфт, ки куллан аз натиҷаҳои интихоботи шӯро қаноатманд аст, ҳарчанд дар масъалаи баъзе аъзои нави он мешавад андеша кард:

"Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ба ҷуз аз чанд масъалаи хурд, мо куллан аз натиҷаҳои интихобот қаноатманд ҳастем. Ва бархе кишварҳое, ки дар гузашта ба таври ошкоро даст ба вайрон кардани ҳуқуқи инсон мезаданд мисли Зимбабве, Непал ё Судон, имсол ҳатто номзадии худро пешбарӣ накарданд. Дар мисоли Русия бояд гуфт, ки мо на танҳо ба масъалаи Чеченистон таваҷҷӯҳ мекунем, балки ба мушкили саркубкунии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва ё нақзи ҳуқуқи сарбозон дар артиш низ муроҷиат мекунем. Мо пайваста ба мавҷудияти ин масоил ишора намуда тақозои ҳал шудани онҳоро мекунем. Ва аз сӯи дигар бояд таъкид кард, ки мавҷудияти ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон ин як маъсала аст. Масъалаи дигар хоҳиши мақомоти давлатӣ барои ҳалли ин мушкилот мебошад."

Хонум Гранд аз созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар Женева гуфт, ки барои ҳалли масоили ҳуқуқ башар дар кишварҳои поймолкунандаи шадиди ин арзишҳо ва аъзои нави шӯрои СММ хоҳишу иродаи дигар аъзои ин ниҳод хеле муҳим аст:

"Ҳама чиз акнун аз дигар аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар вобаста аст, ки кишварҳои дорои собиқаи бойи нақзи ҳуқуқи инсонро барои тағйири вазъ дар кишварашон водор намоянд. Як чизи мусбате, ки дар интихоботи мазкур ба чашм расид, ин тақозои тааҳҳуди ошкорои ин кишвар дар пойбанд будан ба арзишҳои ҳуқуқи башар мебошад. Ҳар яки ин кишварҳо дар дохил ниҳодеро созмон додаанд, ки аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ин давлат ва иҷроиши таҳудоти кишварҳояшонро назорат мекунанд."

Таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ мегуяд, ки узвияти ҳама кишварҳо, бо шумули давлатҳои дорои собиқаи зиёди нақзи ҳуқуқи инсон ба чунин ниҳодҳо баръакс ба манфиати ин давлатҳост, то камбудиҳои худро ислоҳ кунанд.

Оқои Ғанӣ гуфт, ки дар аксар ҳолатҳо масоили ҳуқуқи башар ва нишондодҳои давлатҳои алоҳида дар ин заминаро ба як масъалаи сиёсӣ табдил медиҳанд ва онҳоро ҳамчун фишанги таъсиргузорӣ боло ин кишварҳо истифода мекунанд. Владимир Сотиров, намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Тоҷикистон ҳам мегуяд, ки набояд масъалаи мазкурро сирф аз диди сиёсӣ арзёбӣ кард.

Вай гуфт:
"Агар ба натиҷаҳои интихобот нигоҳ кунем, Русия бо раъйи орои 135 кишвари ҷаҳон ба ин шӯро роҳ ёфт, яъне ин давлатҳо фикр мекунанд, ки Русия ба унвони як узви Шӯрои ҳуқуқи башар ба иҷрои вазифаҳои худ қодир аст. Масоили ҳуқуқи башар барои рушди кишвар хеле муҳиманд, аммо онҳоро набояд зиёд сиёсӣ кард. Ва дар ҳамин ҳол бояд гӯям, ки Шӯрои ҳуқуқи башар батозагӣ таъсис ёфтааст ва бояд шароити фаъолияти худро танзим намояд. Мо умед дорем, ки Шурои ҳуқуқи башари СММ дар роҳи таъмини ҳуқуқи башар дар саросари олам саҳми босазо мегузорад."

Масъалаи қобили таваҷҷӯҳи дигар дар ин мавзуъ ин аст, ки аз оғоз Амрико гуфт, ки хоҳиши дар интихобот ширкат карданро надорад, чунки ин созмон баъзе давлатҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башарро аз узвият ба ин созмон ҷилавгирӣ накард. Ҷон Болтон, сафари Амрико дар СММ гуфт, ки Вашингтон танҳо ба ҳайси нозир дар ин созмон буданд иктифо хоҳад кард:

"Аслан дар мавқеи берун будан аз ҳайати ин ниҳод мо метавонем таъсири бештар дошта бошем. Аслан ҳар гуна тасмими Иёлоти Муттаҳида оид ба ҳузури он дар ҳайати ин ниҳод аз он бастагӣ дорад, ки то куҷо фаъолияти ин шӯро назар ба кори комиссиюни пешина ба таври эҳсосшаванда беҳтар аст. "

Дар ин замина, хонум Мариет Гранд, раиси ваколати созмони Дидбонии ҳуқуқи башар дар Женева гуфт, ҳар кишвар аз хурд то бузург, мисли Амрикову Русияву Чин ва ё Швейтсария аз имтиҳони вазъи ҳуқуқ башар хоҳанд гузашт. Роҷеъ ба мавқеи Амрико дар ин масъала вай гуфт:

"Мо каме нигарон ҳастем ва умедворем, ки Амрико фурсати мазкурро барои ислоҳи баъзе камбудиҳояш дар масъалаи ҳуқуқи инсон истифода хоҳад кард. Ва вақте ки ин кишвар хоҳиши узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башарро пайдо мекунад, бояд дар ин замина тааҳҳуд карда бошад. Бисёр муҳим аст, ки собиқаи шумо дар дохили кишвар аз лиҳози вазъи ҳуқуқи башар поку тоза бошанд, қабл аз он ки дигаронро дар ин замина омӯзиш бидиҳед."

Хонум Гранд мегӯяд, ки дар фаъолияти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ як нишондидҳандаи мусбат ин аст, ки он ба фарқ аз комиссиюни пешина соле чандин бор, на се бор ҷамъ хоҳад омад. Ва ин маънои онро дорад, ки барои тасмимгириҳо ва ё арзёбиву дар сурати зарурӣ муҷозот кардани бархе давлатҳо фурсат ва имконияти бештар хоҳад дошт. Аъзои ин шӯро, ки дар Женева қароргоҳ дорад, соле як бор дар ҳузури 30 дар сади курсиҳо интихоб хоҳанд шуд. Ва нишасти аввалини он моҳи июни соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG