Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон -- харидори нави нерӯи барқи Тоҷикистон


Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Афғонистон рӯзи душанбе ризоият додааст, то ки нерӯи барқи Тоҷикистон таввасути он кишвар ба Покистон интиқол дода шавад. Аммо таҳти ин шароит, ки хати баландшиддати нерӯи барқ, ки қарор аст Тоҷикистону Покистонро васл кунад, на таввасути корридори Вахон, балки таввасути Кобул бигзарад ва барои тронзит ҳаққи Афғонистон пардохта шавад. Ҷонибҳо дар ин маврид дар як конфронси байналмилалӣ, ки дар Исломобод рӯзҳои 8 ва нӯҳуми май баргузор шуд, ба мувофиқа расидаанд.

Дар ин нишаст намояндагони Тоҷикистону Қирғизситон ва Афғонистону Покистон масоили судури нерӯи барқ ба Покистону Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Дар конфронс гуфта шудааст, ниёзи Покистони ташнаи энержӣ ба нерӯи барқ солона то 8 дар сад афзоиш меёбад ва Афғонистон, ки ба тадриҷ аз бесарусомониҳо раҳо мешавад, солҳои наздик ба миқдори зиёди нерӯи барқ ниёз хоҳад дошт. Аммо ду кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон, ки саршор аз захираҳои истифоданашудаи гидроэнержӣ доранд, метавонанд ниёзмандиҳои Покистону Афғонистонро бароварда созанд.

Тибқи иттилои вазорати обу энержии Покистон дар нишасти дурӯза мувофиқа шудааст, то ки ҷонибҳо нақшаи иҷрои ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистону Покистон дар мавриди хати баландшиддати нерӯи барқро таҳия кунанд. Соле пеш Душанбеву Исломобод дар робита ба бунёди як хати баландшиддати нерӯи барқ ба Покистон ёддошти тафоҳум имзо карданд. Ду тарҳи бунёди ин хати баландшиддати 1000 мегаватӣ таҳия шуда буд, ки мувофиқи аввалӣ хати баландшиддат бояд таввусти дараи Вахони Помир то ба Покистон бурда мешуд.

Аммо намояндагони Афғонистон гуфтаанд, ки ин тарҳ мушкилофарину гаронаррзиш аст, чаро ки дараи Вахон роҳҳои мувофиқ надорад, зимистонҳо баста мешавад ва аз назари амниятӣ низ хуб нест. Шоҳид Маҳмуд мушовири вазорати обу энержии Покистон ва яке аз баргузоркунандаҳои конфронс дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Тарҳи бунёди хати балндшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Покистон таввасути Мазори Шариф, Кобул ва Ҷалолобод беҳтар аст, зеро кӯтоҳтар мебошад ва аз он метавон барои афроди зиёди ниёзманд нерӯи барқ интиқол дод. Аз ин ҷиҳат дар нишаст, тарҳи Мазори Шариф Кобул Ҷалолобод интихоб шуд."

Тибқи арзёбиҳо барои бунёди ин хати баландшиддат тақрибан 500 миллион доллар лозим аст ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Бонки Ҷаҳон, Бонки Осиёии Рушд ва Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико гуфтаанд, ки барои иҷрои ин тарҳ кӯмак мекунанд. Муовини нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов ҳангоми суханронӣ дар ин нишаст гуфтааст, ки амалӣ шудани тарҳҳои интиқоли нерӯи барқи кишвараш ба Покистон ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Алӣ Лаёқат Ҷатой вазири обу энержии Покистон гуфтааст, интиқоли нерӯи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ таввасути Афғонистон ба Покистон тиҷорату ҳамкориро миёни кишварҳои ду минтақа тақвият хоҳад бахшид. Тоҷикистон, солҳо боз орзуи интиқоли нерӯи барқ ба Покистонро дар сар мепарварид, аммо то кунун бинобар камбизоатии кишвар натавонистааст, ин орзуяшро амалӣ созад.
XS
SM
MD
LG