Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон ба интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ризоият дод


Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Афғонистон рӯзи душанбе ризоият додааст, то ки нерӯи барқи Тоҷикистон таввасути он кишвар ба Покистон интиқол дода шавад. Аммо таҳти ин шароит, ки хати баландшиддати нерӯи барқ, ки қарор аст Тоҷикистону Покистонро васл кунад, на таввасути дараи Вахон, балки таввасути Кобул бигзарад ва барои тронзит ҳаққи Афғонистон пардохта шавад. Ҷонибҳо дар ин маврид дар як конфронси байналмилалӣ, ки дар Исломобод рӯзҳои 8 ва 9 май баргузор шуд, ба мувофиқа расидаанд.
Дар ин нишаст намояндагони Тоҷикистону Қирғизситон ва Афғонистону Покистон масоили судури нерӯи барқ ба Покистону Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Дар конфронс гуфта шудааст, ниёзи Покистони ташнаи энержӣ ба нерӯи барқ солона то 8 дар сад афзоиш меёбад ва Афғонистон, ки ба тадриҷ аз бесарусомониҳо раҳо мешавад, солҳои наздик ба миқдори зиёди нерӯи барқ ниёз хоҳад дошт. Аммо ду кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон, ки саршор аз захираҳои истифоданашудаи гидроэнержӣ ҳастанд, метавонанд, ниёзмандиҳои Покистону Афғонистонро бароварда созанд.
Тибқи иттилои вазорати обу энержии Покистон дар нишасти дурӯза мувофиқа шудааст, то ки ҷонибҳо нақшаи иҷрои ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистону Покистон дар мавриди хати баландшиддати нерӯи барқро таҳия кунанд. Соле пеш Душанбеву Исломобод дар робита ба бунёди як хати баландшиддати нерӯи барқ ба Покистон ёддошти тафоҳум имзо карданд. Ду тарҳи бунёди ин хати баландшиддати 1000 мегаватӣ таҳия шуда буд, ки мувофиқи аввалӣ хати баландшиддат бояд таввусти дараи Вахони Помир то ба Покистон бурда мешуд. Аммо намояндагони Афғонистон гуфтаанд, ки ин тарҳ мушкилофарину гаронаррзиш аст, чаро ки дараи Вахон роҳҳои мувофиқ надорад, зимистонҳо баста мешавад ва аз назари амниятӣ низ хуб нест. Тибқи арзёбиҳо барои бунёди ин хати баландшиддат тақрибан 500 миллион доллар лозим аст ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Бонки Ҷаҳон, Бонки Осиёии Рушд ва Оҷонсии Рушди Байналмилалии Амрико гуфтаанд, ки барои иҷрои ин тарҳ кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG