Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Иди Пирӯзӣ дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе


Ба ифтихори 61-умин солгарди Иди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзи нуҳуми май дар шаҳри Душанбе як ҳамоиши идона ва сафороии низомӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, ки боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маркази баргузории он буд, дар канори кӯҳнасарбозон, ҳамчунин мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии муқими ин кишвар ширкат ва ёди қурбониёни ин ҷангро гиромӣ доштанд. Маросими таҷлил аз рӯзи пирузӣ бар Олмони фашистӣ таҳти навои суруди миллии Тоҷикистон шурӯъ ва бо сафороии низомӣ идома ёфт. Баъдан, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов зимни табрики кӯҳнасарбозони тоҷикистонии ин ҷанг аз нақши босазои онҳо дар таъмини пирӯзии муштарак дар ҶБВ ситоиш намуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар рӯзҳои аввали ҷанг ду гурдон ва ё дивизияи алоҳидаи ҷангӣ дар Тоҷикистон ташкил ва аз ин кишвар эъзом ба ҷабҳа шудааст. Мутобиқи омори расмӣ, беш аз 290 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон ба таври мустақим дар ҷабҳаҳои мухталиф ширкат варзидаанд. Аз ин миён, шуҷоату қаҳрамонии 54 нафари онҳо бо унвони олии вақти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шудааст. Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазору 600 нафар кӯҳнасарбозони ҷанг боқӣ мондааст. Мутобиқи фармони ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, шурӯъ аз моҳи маи соли равон ба ҳуқуқи бознишастагии ҳар кадоми онҳо 100 сомонӣ, маблағи муодили 30 доллари амрикоӣ афзуда мешавад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG