Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсӣ ба Ричард Баучер чӣ гуфтанд?


Мавзӯи асосии ин мулоқот онгуна, ки ширкатдоронаш изҳор доштанд, интихоботи қарибулвуқӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии созмонҳои сиёсии кишвар ба ин маърака будааст. Намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи давлат бо ишора ба интихоботи қаблии кишвар, ки ба гуфтаи онҳо бо нақзи қонун ва тақаллуби ошкоро сурат гирифтааст, хостори баргузории интихоботи шаффофу одилонаи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурии кишвар шудаанд.

Раҳматулло Зоиров-раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, яке аз ширкатдорони мулоқот бо дипломати баландмақоми амрикоӣ гуфтааст, интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон бо усули ғайридемократӣ ва мудохилаи мустақими ҳокимияти иҷроия бар нафъи як гурӯҳи хос баргузор шудааст. Оқои Зоиров дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки вай барои Ричард Баучер - ёвари вазири хориҷаи Амрико ду нуктаи муҳимми ҷараёни интихоботҳои қаблиро ёдовар шуда аз ӯ хостааст, то дар пазириши қонуни нави интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунад:

«Дар Тоҷикистон на танҳо он ҳашт ҳизби аз тарафи вазорати адлия ба қайд гирифташуда, ғайр аз ин боз як ҳизби бисёр пурқувват ба вуҷуд омадааст, ки ин ҳизб- механизми давлатии Тоҷикистон ва комиссияиҳои интихоботӣ мебошад. Зеро онҳо ба ҷойи онки объективона ва аз рӯи қонун ва мунсифона амал кунанд, баръакс, яктарафа аз номи як ҳизб, ҳизби халқӣ-демократӣ баромад мекунанд»

Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ баргузории интихобот дар заминаи Қонуни ҷадиди интихоботи раёсатиҷумҳуриро муҳимм хонда аз ёвари вазири хориҷаи Амрико тақозои назорат бар кӯмакҳо ва маболиғи ҷудокардаи ин кишвар барои Тоҷикистон шудааст:

«Дар ҳисоботи департаменти давлатии Амрико омадааст, ки Тоҷикистон давлати авторитарӣ мебошад. Ва ба хотири он ки дар оянда Тоҷикистонро департаменти давлатии Амрико чунин ном набарад, бояд ҳамаи он маблағҳо ва ёриҳое, ки ба воситаи институтҳои молиявии гуногун ба Тоҷикистон меояд, барои ба роҳ мондани равандҳои демократӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум равона карда шавад. На ба мустаҳкам кардани ҳокимияти як гурӯҳ, ҳокимияти авторитарӣ»

Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Давлатов- муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳамкории давлати Тоҷикистон бо Амрикоро дар ҳоли густариш арзёбӣ карда ҳамзамон аз интиқодоти намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи давлат дар мавриди наҳваи баргузории маъракаҳои сиёсии кишвар ва дахолати мақомот ба кори интихоботҳо изҳори норозигӣ кард. Оқои Давлатов бо таассуф гуфт, ки роҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар ин мулоқот ҷойи матраҳ кардани масоил ва мушкилоти умумимиллӣ бештар аз манофеи гурӯҳии худ ҳарф заданд:

«Масалан чунин изҳори ақида аз ҷониби роҳбарияти ҳизби демократӣ, Раҳматулло Валиев шуд, гӯё ИМА ба Тоҷикистон кӯмак накунанд. Ба ақидаи он кас гӯё, ки кӯмаки Америка ба мустаҳкам гардидани ҳокимияти давлатии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ман боварии комил дорам ,ки на ҳама аъзои ҲД ин мавқеи он касро дастгирӣ мекунанд. Чунки ин мавқее аст, ки бар зидди манофеи умумимиллӣ ва давлатии мо равона карда шудааст. Ҳамчунин як гуфтаи Раҳматулло Зоиров дар хусуси он ки гӯё кормандони мақомоти давлатӣ ,ки дар давраи интихобот кӯмак мекарда бошанду ҳамчун як ҳизби алоҳида баромад мекарда бошанд ба ақидаи ман ин ақидаи нодуруст аст».

Нуриддин Қаршибоев - раиси Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон набуди радио ва телевизиони мустақил дар кишвар ва дар дасти давлат боқӣ мондани ҳуқуқи ироаи лисензия ё иҷозатномаи фаъолият ба шабакаҳои ғайридавлатиро аз мушкилоти асосии ҷомиаи тоҷик дар роҳи эъмори ҷомиаи маданӣ унвон кардааст. Оқои Қаршшибоев мегӯяд, дастрас набудани садо ва симои давлатӣ барои намояндагони аҳзоби сиёсӣ имконият намедиҳад, ки онҳо барнома ва аҳдофи худро ба мардум ва ройдиҳанда бифаҳмонанд:

«Имконияти ташкил кардан ва гирифтани иҷозатнома барои телевизиони мустақили сартосари ҷумҳурӣ нест. Проседураи ташкил кардани радио ва телевизион ва гирифтани муҷаввиз он қадар ҳам мураккаб аст, ки дар тӯли як - ду соли наздик ташкил кардани шабакаи мустақили сартосарӣ имкон надорад. Пешниҳод доштам, ки дар арафаи интихобот хуб мешуд агар расонаҳои давлатӣ барои аҳзоби сиёсӣ барои номзадҳо ба мақоми раёсатиҷумҳурӣ имконоти баробари таблиғ фароҳам кунанд.»

Ба эътиқоди Абдуғанӣ Мамадазимов- раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, ки ба намояндагӣ аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин мулоқот ҳузур дошт, вазъи сиёсӣ ва равонии ҷомеаи имрӯзи тоҷик дар муқоиса бо солҳои 1999-2000, ки интихоботи раёсатиҷумҳурӣ ва порлумон доир шуда буд, тафовути ҷиддӣ доштааст. Зеро он вақт ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳузури қумандонҳо дар ҳайати порлумон дахолати мақомоти давлат ногузир буд. Вале ҳоло вазъият тағйир хӯрда ва мудохилаи ҳокимияти маҳаллӣ дар ҷараёни омодагӣ ва натиҷагирии интихобот эҳтимоли вуқӯъи ҳамагуна ҳаводиси ногуворро дар пай дорад. Оқои Мамадазимов афзуд, дар марҳалаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идомаи кӯмаки созмонҳои байналмиллалӣ барои омӯзиши кормандони умури интихоботии кишвар як иқдоми зарурӣ хоҳад буд.

«Ман гуфтам, ки бояд Бунёди байналмилалии системаи интихоботӣ кӯмак кунад, ки бисёртар мо ин чорабиниҳоро гузаронем, оид ба фаҳмонидани ҳуқуқ ва тарзи кор барои кормандони умури интихобот аз поин аз қитъа ва ҳавза то ба боло, то ки дигар ба хатоҳо роҳ надиҳанд. Ин як. Дуюм ин ки мо бояд нагӯем, ки ин интихобот натиҷаааш пешакӣ маълум мебошад. Бояд бештар кор кард ва ба мардум ҳуқуқи онҳоро фаҳмонид»

Ричард Баучер - ёвари вазири умури хориҷаи Амрико мулоқоти худ бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистонро созанда ва боаҳамият арзёбӣ кард:

«Бархе аз ин суолот, бояд дар ҷараёни истиқрори низоми мардумсолорӣ матраҳ шавад. Барои намуна, дастёбии аҳзоб ба расонаҳои хабарӣ ҷиҳати огаҳӣ ёфтани мардум аз ақоиди мухталиф ё масъалаи роҳандозии кори комиссияҳои интихоботӣ то битавонанд, баргузории интихоботи шаффоф ва демократиро таъмин кунанд».

Ричард Баучер- ёвари вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кардааст, ин масоилро бояд ҳамвора зикр кард, то замоне, ки ҳалли ниҳоии худро пайдо кунад. Оқои Баучер гуфтааст, пешниҳодот ва интиқодоти аҳзоби сиёии Тоҷикистонро ба раиси ҷумҳурии ин кишвар ва ҳукумати Амрико ироа хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG