Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Парвоз» дар парвоз аст


Ин даста дар ду дидори ахири худ бар тимҳои меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 0 ва CSKA-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шудааст.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 12 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. «Регар» ТадАЗ дар меҳмонӣ дастаи «Олими Каримзод»-и Мастчоҳро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб сохт.

Тими «Хима»-и Душанбе бо 10 имтиёз аз чаҳор бозӣ дар зинаи севвум қарор дорад. Бозии охирини «Хима» дар сафар бо «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Дастаи «Олими Каримзод», ки дар дидори охиринаш дар майдони худ бар дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 0 ғолиб омад, бо ҳафт имтиёз ба зинаи чаҳорум баромад.

Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва CSKA-и Душанбе бо шашимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои панҷуму шашум қарор гирифтаанд. Ва аммо «Вахш» аз ҳама камтар, ҳамагӣ ду бозӣ анҷом додааст.

Воқиан, тими «Вахш», қаҳрамони футболи Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми раиси AFC - Конфедератсиони футболи Осиё озими Малайзия шуд. Дуввумин давраи ин мусобиқот бо ширкати ҳашт бошгоҳи футболи кишварҳои «зуҳурёфта» аз 10 то 21 май дар варзишгоҳҳои «Саравак» ва «Негери»-и шаҳри Кучинги Малайзия баргузор мешавад. Марҳалаи муқаддамотӣ дар ду гурӯҳ сурат мегирад. «Вахш» дар гурӯҳи «В» рӯзи 11 май бо «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, 13 май бо «Мананг Маршиангди Клаб»-и Непал ва 15 май бо СК «Ратнам»-и Шри-Ланка рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG