Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як пора ноне, ки бар ивази тан ба даст меояд


Мартин Курк, мушовири сиёсии созмони "Наҷоти Кӯдакон", ки бо барномаи Ояндасоз аз қароргоҳи ин созмон дар Лондон сӯҳбат мекард, оид ба хулосаҳои аслии таҳқиқоти ахири худ чунин маълумот дод:

"Созмони "Наҷоти Кӯдакон" таҳқиқоти мазкурро дар давоми як соли охир баргузор намуд. Пажӯҳиши мо собит намуд, ки мизони сӯиистифодаи ҷинсии духтарони хурдсол дар Либерия ба таври изтиробангез баланд аст. Чунин аъмол аз ҷониби ба истилоҳ "мардони қудратманд" содир мешавад, яъне онҳое, ки дар Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти ғайриҳукумативу кӯмакрасон фаъолият мекунанд, ҳатто соҳибкорони маҳалливу омӯзгорон низ ба чунин кор даст мезананд. Яъне, амалан ҳар нафаре, ки дар мавқеи ба қавле "эътимодбахш" қарор дорад, даст ба сӯиистифодаи ҷинсии духтарони хурдсол мезанад. Аз замоне, ки вазъи Либерия нисбатан ба эътидол омадааст, ҳодисаҳои зиёдро шоҳид шудан мумкин аст, ки духтарон бар ивази подоши хеле хурду ночиз, мисли дастрасӣ ба ғизо ва ё ҳатто ба хотири баҳои мактаб, мавриди сӯиистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд".

Масъулини созмони "Наҷоти Кӯдакон" мегӯянд, ки дар таҳқиқоти мазкур ҳудудан 300 нафар, аз ҷумла 160 кӯдак ширкат намуд ва оид ба таҷрибаи худ маълумот дод. Ман аз оқои Курк пурсидам, ки оё таҳқиқоти онҳо оид ба ҳуввияти онҳое, ки даст ба озори ҷинсии кӯдакон мезананд, чӣ мегӯяд. Ӯ чунин посух дод:

"Ба чунин кор ҳам кормандони маҳаллӣ ва ҳам байналмилалӣ даст мезананд. Медонед, падидаи нохуб дар чист. Аҳолии Либерия шадидан нодор аст, онҳо барои дарёфти оддитарин чиз, мисли пайдо кардани хӯрок, ё савори мошин шудан ва ё барои таҳсил, омода ҳастанд ҳама корро иҷро кунанд. Ва бадбахтона мардоне, ки ба ингуна маводу хадамот дастрасӣ доранд, дар ҳама сохторҳо, аз ҷумла, дар бахшҳои СММ ва имдодрасон, аз чунин бадбахтии мардум сӯиистифода мекунанд, кӯдаконро барои қонеъсозии талаботи ҷинсии худ истифода мекунанд, яъне барои чизе, ки аслан бояд ройгон дастраси онҳо шавад."

Рӯзи душанбе дар навори телевизионии ширкати ББС як духтари либериягӣ гуфт, ки дар чунин аъмол кормандони Созмони ҷаҳонии ғизо, як бахше аз Милали Муттаҳид низ даст доранд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Рум, мақарри фаъолияти дафтари СММ дар умури ғизо масъулини ин ниҳод ба барномаи Ояндасоз гуфтанд, ки гузориши мазкур мояи нигаронии онҳо шудааст ва ин созмон ба таври фаврӣ таҳқиқоти худро дар ин замина ба роҳ мондааст. Аммо қабл аз нашри натоиҷи он Каролайн Ҳуфурд, масъули дафтари матбуотии ин Созмон гуфт, ки маъмулан ин ниҳод фаъолияти худро дар минтақаҳо бо кӯмак ва ҷалби созмонҳои маҳаллӣ ва ташаккули дигари имдодрасон пиёда мекунад, ва аммо ба ҳеҷ ваҷҳ масъалаи озору сӯиистифодаи ҷинсиро дар кори худ таҳаммул нахоҳад кард. Каролайн Ҳуфурд:

"Созмони ҷаҳонии ғизо солона дар миёни 90 миллион сокини ҷаҳон ғизо тақсим мекунад ва ҳодисаҳое, ки ба сӯиистифодаи ҷинсӣ робита мегиранд, хеле кам дастраси онҳо мешаванд. Ва аммо тавре ман таъкид кардам, мо ҳеҷ гуна амалиёти ғизо бар ивази хидмати ҷинсиро таҳаммул нахоҳем кард. Мо бо диққат кори ҳамшарикони худро назорат карда дар сурати ошкоршавии чунин ҳодисаҳо ба боздоштшавии онҳо исрор меварзем"

Дар ҳамин ҳол, муаллифони гузориши Созмони "Наҷоти Кӯдакон" аз ҳукумати Либерия ва мақомоти созмонҳои имдодрасон даъват доранд, ки зимни расидагӣ ба ин ҳодисаҳо аз чораҳои қавӣ кор гиранд. Марк Курк:

"Ташаккули ғайридавлатии байналмилалӣ ва СММ, яъне мақомоти баландпояи ин сохторҳо бояд масъулияти пурраи назорат аз ҳама гуна амали сӯиистифода аз кӯдаконро бар ӯҳда бигиранд. Ва ҳамин ки ҳуввияти ин афрод мушаххас гардид, онҳо бояд ҳамон лаҳза аз кор озод шаванд"

Дар ин замина, Каролайн Ҳуфурд аз Созмони ҷаҳонии ғизои Милали Муттаҳид мегӯяд, феълан, ин ниҳод бо камбуди маблағ рӯбарӯ шудааст.

"Бояд ба назар гирифт, ки барномаҳои мо дар Африқои Ғарбӣ, ки Либерия як ҷузви он аст, аз норасоии 63 миллион доллар ранҷ мекашанд. Камбуди маблағ маънои онро дорад, ки мо бояд бо яке аз ин корҳо машғул шавем: бо тақсими ғизо ва ё назорати кори ходимони худ. Ин мушкиле аст, ки мо бо он рӯбарӯ ҳастем "

Дар ҳамин ҳол, ман аз хонум Ҳуфурд пурсидам, оё ин созмон фикр намекунад, ки ҳодисаҳои мазкур метавонанд боиси рехтани обрӯи СММ ва ба вижа Созмони ҷаҳонии ғизо гардад. Ӯ гуфт:

"Агар мо дар фикри ислоҳи ин вазъ нашавем, бале, мо бо чунин мушкил рӯбарӯ мешавем. Ва баръакс, агар мо ба умқи ин масъала рӯ оварем, мебинем, ки бо чунин шароите рӯбарӯ ҳастем, ки мардум аз фақру нодории бесобиқа омодаанд, ҳама корро анҷом диҳанд. Яъне дар шароите, ки арзиши ғизо болотар аз ҳама навъи арзишҳои дигар аст, вазъият воқеан ҳам даҳшатангез мешавад. Мо бояд шадидан эҳтиёт шавем, аммо ҷаҳониён бояд бидонанд, ки мо тамоми талоши худро ба он равона сохтаем, ки кори худро бо беҳтарин кайфият анҷом диҳем, яъне барои мардуми гурусна дар ҳар ҷое ки бошанд, ғизоро дастрас намоем"

Ташаккули имдодрасон ва аз ҷумла сохторҳои СММ дар кулли манотиқи осебпазиру аз лиҳози сиёсиву иҷтимоӣ ҳассос фаъолият мекунанд, аз ҷумла дар Тоҷикистон. Ҳадафи аслии чунин созмонҳо мусоидат ба беҳбудёбии вазъи ин кишварҳо дар муқобила бо фақру нодорӣ, раҳоӣ аз паёмадҳои ҷангҳои дохилӣ мебошад. Дар ин замина аз Марк Курк пурсидам, оё ӯ ба унвони як масъули созмони имдодрасон чӣ назар дорад: имкон дорад, ки ҳодисаҳои суиистифодаи ҷинсии кӯдакон дар дигар кишварҳову нуқоти олам ҳам ҷо дошта бошанд, ва ё ин танҳо масъалаи хоси Либерия аст? Ӯ гуфт:

"Мо дарк мекунем, ки чунин мушкил метавонад дар ҳама ҷо ва дар ҳар замон ба вуқӯъ ояд. Гузориши мо мушаххасан вазъи Либерияро ба баррасӣ гирифтааст. Аз таҷрибаи гузашта мо медонем, ки минтақаи Африқои Ғарбӣ аз чунин навъи мушкилот зиёд ранҷ кашидааст. Дуруст аст, ки мо ин фарзияро инкор намекунем, ки чунин ҳодисаҳо дар ҳар ҷои дунё метавонанд ҷо дошта бошанд. Аз ҳамин хотир, барои ҳалли ин масъала мо бояд як сиёсати қавии ҷаҳониро пиёда созем, то ки мутмаин шавем, ки афроде, ки дар мавқеи эътимодбахши расидагӣ ба мушкили кӯдакон қарор доранд, ин эътимодро аз даст надиҳанд"

Муҳаққиқон мегӯянд, ки дар аксар ҳолатҳо масъулине, ки аз марзи салоҳиятҳои маънавиву кории худ убур мекунанд, аз ноогоҳиву зудбоварии кӯдакон истифода мекунанд. Дар ниҳояти амр, кӯдакони мавриди озору азияти ҷинсӣ қарорёфта, аз назари равонӣ, амрози зӯҳравиву вируси ВИЧ СПИД ранҷ мекашанд, ба иллати нодориву ниёзмандии худ аз таҳсилу табобат дур ва аз рушди комили маънавиву ҷисмонӣ дар канор мемонанд.
XS
SM
MD
LG