Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вохӯрии Раҳмонов бо Баучер


Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон субҳи ҳаштуми май бо Ричард Баучер, ноиби Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мулоқот анҷом дод. Сомонаи интернетии раиси ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмонов муносибот бо Амрикоро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш арзёбӣ кардааст. Дар дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақоми амрикоӣ масоили марбут ба мубориза бар зидди ифротгароӣ, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шудааст. Сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон навиштааст, дар ин дидор ҳамчунин қазияи феълии Эрон низ матраҳ буда ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон хоҳони ҳалли сиёсии ин масъала бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ мебошад. Имконоти иқтисодии минтақа, содироти нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба кишварҳои дигар, амнияти минтақа ва дигар масоил низ дар ин дидор баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG