Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов дар Қазоқистон ва Қазоқистон ... дар Тоҷикистон


Сафари расмии дурӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Қазоқистон дар ин ҳафта ва дар ҳоле сурат гирифт, ки он кишвар бо анҷоми як барномаи густардаи ислоҳоти иқтисодӣ тадриҷан ба як қудрати муҳими иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Қазоқистон соли гузашта беш аз 9 дарсад рушд пайдо карда, 5 триллиону 245 миллиард танга ё худ тақрибан 42 миллиард долларро ташкил дод. Ҳамин тавр, тиҷорати хориҷии Қазоқистон танҳо дар 11 моҳи соли гузашта наздики 40 дарсад афзуда, болиғ аз 41 миллиард доллар шудааст. Бозори кори ин кишвари ҷамъияташ 15 миллион нафар ва маоши миёнаи моҳонаи мардумаш дар ҳудуди 300 доллари амрикоӣ дар ҳоли ҳозир беш аз 7 миллион нафарро фаро мегирад ва, аз ҷумла, бино ба ҳисоби сафорати Қазоқистон дар Душанбе, беш аз 200 000 нафар муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистонро.

Албатта, саҳми Тоҷикистон дар харитаи ҳамкориҳои хориҷии Қазоқистон чандон бузург нест ва он ҳам дар ҳоле ки Остона барои Душанбе як ҳамкори умдаи тиҷоратӣ маҳсуб меёбад. Охирин омор дар бораи табодули молу коло байни Тоҷикистону Қазоқистонро аз Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мешунавем: "Соли гузашта табодули молу коло байни Тоҷикистону Қазоқистон 188 миллион долларро ташкил дод ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ - беш аз 50 миллион долларро. Тоҷикистон ба Қазоқистон бештар пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ содир карда, аз он кишвар орду гандум, фаровардаҳои нафтӣ ва масолеҳи сохтмон ворид мекунад." Ғафурҷон Расулӣ мегӯяд, байни Душанбеву Остона то кунун беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳоти мухталиф ба имзо расида ва бонки қазоқии "ТӯронОламбБонк"с дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардааст, вале иҷлоси ахири кумиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар дар пойтахти Тоҷикистон нишон дод, ки Тоҷикистону Қазоқистон то ҳол ҳама зарфиятҳои мавҷуд барои тавсиъаи ҳамкориҳоро истифода накардаанд.

Коршиноси маҷаллаи "Бозори Озодӣ" Тоҳири Абдуҷаббор низ бар ин бовар аст, ки чунин мизони табодули молу коло бо чунин кишвари бузурге, ки Қазоқистон аст, бештар баёнгари зарфиятҳои истифоданошуда дар байни Душанбеву Остона мебошад.

Масъалаи дигари доғ барои Тоҷикистон, ки иқтисодаш иқтисоди дар ҳоли гузор таъриф мешавад, албатта интихоби як роҳи дурусттар барои анҷоми ислоҳоти иқтисодист. Ба назари бисёре аз иқтисодшиносон, дар ҳоли ҳозир беҳтарин барномаи ислоҳоти иқтисодиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон анҷом додааст. Албатта, ин барномаи ислоҳот холӣ аз иштибоҳот ё камбудӣ нест, вале ба ҳар сурат, мегӯяд коршиноси мо Тоҳири Абдуҷаббор, омӯхтанаш ва аз он сабақҳое бардоштан барои Тоҷикистон холӣ аз манфиат нахоҳад буд.

Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон низ низ сабақ гирифтан аз таҷрубаи ислоҳоти иқтисоди Қазоқистонро боаҳамият мешуморад. Ба хусус дар мавриди роҳҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, ки ба эътиқоди оқои Расулӣ, дар ин маврид Остона аз бисёр кишварҳои дигари шӯравии собиқ муваффақтар будааст.

Ва аммо Тоҳири Абдуҷаббор ба аҳамияти дигари ҳифзу тавсиъаи равобити ҳасана бо Қазоқистон ишора мекунад ва мегӯяд, он кишвар бо 7 миллион ҷойи кор метавонад ба як бозори алтернативӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон табдил ёбад, аммо ба чанд шарт, ки умдатаринаш эҷоди шароит ва заминаи мусоиду муносиби ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳаққи мардикорони тоҷик дар он кишвар аст. Ва гуфтанист, ки дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ аз Остона байни Тоҷикистону Қазоқистон 6 тавофуқномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла як санад дар бораи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирин ба имзо расидааст.
XS
SM
MD
LG