Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Амрико ба пойбанд будани Русия ба роҳи демократия


Президенти Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, Русия дар бораи пойбанд буданаш ба демократия "паёмҳои зиддунақиз" мефиристад. Буш ин иддаоро рӯзи ҷумъа, 5 май дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии "Билд" кардааст. Ӯ гуфта, ки равобити гарми кориаш бо ҳамтои руси худ Владимир Путинро қадр мекунад ва Амрикову Русия дар масоили манъи густариши таслиҳот ва ҷанг алайҳи террор ҳамкорӣ доранд. Вале, афзудааст оқои Буш, Маскав зимнан аз худ паёмҳои зиддунақизе медиҳад, ки Вошингтонро дар шубҳа меандозад, ки оё Русия ба тааҳҳудаш ҷиҳати пеш гирифтани роҳи демократия бо шумули озодии матбуот, озодии мазҳаб ва соъир озодиҳои дигар пойбанд ҳаст ё на? Ҷорҷ Буш гуфта, ки истифодаи Русия аз ширкатҳои энержии худ барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ мӯъҷиби нигарониҳои Амрико шудааст.

Сенатори амрикоӣ Ҷон МакКейн низ рӯзи якшанбе, 7 май дар мусоҳиба бо барномаи "Meet the Press"-и телевизиони амрикоии CBS Русияро ба иллати, ба гуфтаи вай, поймол кардани ҳуқуқи башар ва истифодаи манобеъи энержиаш ба ҳайси як василаи фишор болои ҳамсоякишварҳо ба боди танқид кашидааст. Сенатор МакКейн гуфта, ки дар Русия як ақибнишинии рӯирост ба чашм мерасад. Ҷон МаКейн аз президенти Амрико Ҷорҷ Буш даъват кард, дар нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон мавсум ба гурӯҳи G8, ки моҳи июл дар Петербурги Русия доир хоҳад шуд, ширкат наварзад.
XS
SM
MD
LG