Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзеъгирии шадидтари Амрикову Фаронсаву Олмон дар баробари Эрон


Амрико ва Фаронсаву Олмон хостори иқдомоти шадидтари дипломатӣ ба хотири ба қатъи фаъолиятҳои маводи сӯхти ҳастаияш мутақоид сохтани Эрон шудаанд. Дафтари президенти Фаронса Жак Ширак мегӯяд, ки ӯву садри аъзами Олмон Ангела Маркел дар як гуфтугӯи телефонӣ ҷонибдори қабули чунин як қатъномае аз сӯи Шӯрои Амният (ША) шуданд, ки Эронро ба тавқифи барномаи ғанисозии ураниумаш маҷбур кунад.

Президенти Амрико Ҷорҷ Буш низ дар мусоҳиба бо телевизиони олмонии ARD хостори дар як сангари воҳид ҷамъ омадани ҳама ҷаҳон ба хотири ба қатъи фаъолиятҳои ҳастаияш маҷбур кардани Эрон шуд. Буш гуфт, "ҷаҳони озод" бояд бо иттифоқи оро ба Эрон имкон надиҳад, ки ба тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ ва ё ба донишҳову имконоте, ки сохтани чунин силоҳро барояш мумкин гардонанд, даст ёбад.

Нашри матни ин мусоҳиба аз сӯи Кохи Сафед дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст имрӯз, 8 май дар Ню-Йорк вузарои хориҷаи 5 кишвари узви доимии ША - Амрикову Бритониёву Фаронса ва Русияву Чин - бо изофаи вазир хориҷаи Олмон ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Хавйер Солана ҷустуҷӯи як мавзеъи воҳид дар қиболи барномаҳои ҳастаии Эронро идома диҳанд. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки ША баррасии тарҳи аз сӯи Бритониёву Фаронса пешниҳодшудаи қатъномаи наверо идома медиҳад, ки ин бор аз Эрон ба таври қонунӣ бас кардани чунин фаъолиятҳояшро тақозо хоҳад кард.

Эрон дирӯз мукарраран изҳор дошт, ки ҳар навъ қатъномаеро, ки қатъи фаъолиятҳои ҳастаияшро талаб кунад, радд хоҳад кард. Аъзои парлумони Эрон ҳам дар як нома унвонии дабири кулли СММ Куфӣ Анон таҳдид кардаанд, ки Эрон аз паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ хориҷ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG