Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Русия дар қиболи Ҳабибулло Насруллоев


Додгоҳи Русия, дархости паноҳандагии муваққати раиси собиқи "Тоҷикматлубот" Ҳабибулло Насруллоевро рад кардааст, ки дар боздоштгоҳи ин кишвар аст ва Тоҷикистон ҷӯёи истирдоди ӯ мебошад. Анна Ставитская - вакили дифоъи оқои Насруллоев ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, додгоҳи ноҳияи Пресняи Маскав чунин далел пеш овардааст, ки дар сурати пазируфтани тақозои паноҳандагии мақомдори собиқи тоҷик, ки ба ҷиноятҳои мухталиф муттаҳам мешавад, дигар афроди боздоштшуда низ тақозои паноҳандагӣ хоҳанд кард.
Анна Ставитская ҳукми додгоҳро бепоя хонда гуфтааст, ки аз ин ҳукми додгоҳи ноҳияи Пресня ба додгоҳи шаҳри Маскав шикоят хоҳад бурд. Ба гуфтаи ӯ дар сурати истирдоди оқои Насруллоев ба Тоҷикистон ӯ таҳти шиканҷа қарор хоҳад гирифт.
Додситонии Тоҷикистон Ҳабибулло Насруллоевро ба куштор, узвият дар гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, хиёнат ба ватан ва чанд ҷинояти дигар муттаҳам мекунад. Ҳабибулло Насруллоев собиқ узви Ҷабҳаи Халқӣ, ки дар сари қудрат омадани раиси ҷумҳури Тоҷикистон мусоидат кардааст, се сол пеш бо тақозои додситонии ин кишвар дар шаҳри Маскав боздошт шуд, аммо то кунун мақомоти ин шаҳр аз таслими вай ба Душанбе худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG