Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши маргбор дар Карбалои Ироқ


Бино ба гузоришҳо, имрӯз дар пайи таркиши як мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Карбалои Ироқ дасти кам 15 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса дар назди истгоҳи марказии автобусҳо дар шаҳри Карбало ба вуқӯъ пайвастааст. Пулиси Ироқ гуфт, ҳамчунин рӯзи якшанбе дар шимоли пойтахт шаҳри Бағдод ду мошини бомбгузоришуда мунфаҷир шуда, нӯҳ нафарро кушта ва 20 тани дигар маҷрӯҳ кардааст, аз ҷумла сарбозон ва ғайринизомиёни ироқиро.
XS
SM
MD
LG