Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати даҳ сарбози амрикоӣ дар шарқи Афғонистон


Бар асари суқути як чархболи низомӣ дар шарқи Афғонистон 10 сарбози амрикоӣ ҷон додаанд.
Тамара Лоуренс, сухангӯи нирӯҳои Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон гуфт, чархболи СН - 47 Чинук дар қарибии шаҳри Асадободи вилояти Кунар ҳангоми амалиёти "Шери Кӯҳистон" суқут кардааст. Хонум Лоуренс афзуд: «Дар ҳоли ҳозир сабабҳои дақиқи суқути чархбол маълум нест. Мо таҳқиқ мебарем, ки инро маълум кунем. То ҳол ягон нишонае вуҷуд надорад, ки суқути чархбол кори дасти душман бошад.»
Амалиёти «Шери Кӯҳистон» моҳи гузашта аз сӯйи нирӯҳои Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ бо сарварии Иёлоти Муттахидаи Амрико дар марзҳои кӯҳистонии Афғонистону Покистон шурӯъ шуд. Ҳадафи он боздошти шӯришиёни ҳаракати Толибон ва аъзои созмони Ал-қойида аст.
Дар амалиёти «Шери Кӯҳистон» 2500 нафар ба шумули нирӯҳои амниятии Афгонистон ва сарбозони амрикоӣ ва бритониёвии Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ширкат мекунанд. Алъон ҳудуди 20 ҳазор сарбози ин эътилоф дар вилоятҳои ҷанубу шарқи Афғонистон дар пайи маҳви шуришиёни Толибон ҳастанд. Шӯришиёни ин ҳаракат моҳи июли соли гузашта як чархболи Чинукро дар вилояти Кунар суқут дода буданд, ки бар асари он 16 сарбози амрикои кушта шуданд.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG