Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва фалокатҳои васеъмиқёси табиӣ


Гурӯҳи коршиносони OCHA - муассисаи ҳамоҳансгози кӯмакҳои башардӯстонаи Созмони Милал бо дархости ҳукумати Тоҷикистон тайи моҳи март имконоти кишвар барои рафъи фалокатҳои васеъмиқёси табииро омӯхта ва нимаи ин ҳафта гузоришашро нашр кардааст. Дар гузориш гуфта шудааст, Тоҷикистон дар баробари фалокатҳои зиёди табиӣ, аз ҷумла заминларза, лағшиши хок, обхезӣ, хушксолӣ, тундбоду, эпидемияҳо бисёр осебпазир аст.

Созмони Милал мегӯяд, вазорати ҷавони изтирории Тоҷикистон дорои мутахассисони пуртаҷриба аст ва бо созмонҳои байналмилалӣ дар заминаҳои ташхису бартарафсозии фалокатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунад. Сохтору имконоти аввалия барои вокуниш ва рафъи фалокатҳои табиӣ дорад, аммо ин ҳама аз ҳам пароканда фаъолият мекунанд ва дар сурати фалокати табиии васеъмиқёс Тоҷикистон дар вокуниши зуд ба он оҷиз хоҳад монд.

Дар гузориши Созмони Милал гуфта мешавад, Тоҷикистон танҳо қодир ба расидагӣ ба фалокатҳои табиии хурд ва ҳаҷман миёна аст агар худо накарда, фалокати бузурги муҳитизистие рух диҳад, ин кишвар ҳамчунин дар роҳи гирифтани кӯмакҳои байналмилалӣ мушкилоти зиёде хоҳад дошт, аз ҷумла дар роҳи қабулу тавзеъи онҳо.
Ба гуфтаи Созмони Милал сохторҳои кӯчак ва парокандаи маҳҳалӣ дар сурати вуқӯъи фалокатҳои бузург зери бори масъулияти зиёд мемонанд ва қодир ба иҷрои ҳамаи онҳо нахоҳанд буд.

Гурӯҳи Созмони Милал дар гузориши 65 саҳифаии худ барои тақвияти имконоти Тоҷикистон барои вокуниш ба фалокатҳои васеъмиқёси муҳитизистӣ ва табиӣ як идда тавсияҳоеро ба ҳукумат ва ҷомеаи байналмилалӣ ироа кардааст. Яке аз онҳо тақвияти вазорати изтирории Тоҷикистон, афзудани имконоти он, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратхонаҳо дар сурати вуқӯъи ҳодиса, ҷалби низомиён барои рафъи оқибатҳои табиӣ ва ғайра.

Дар ин гузориш ҳамчунин изҳори умедворӣ шудааст, ки ҷомеаи байналмилал ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард, то ки ин кишвар тавонад, дар сурати вуқуъи фалокате саривақт ба кӯмаки шаҳрвандони хеш бирасад.
Тибқи гузориши Созмони Милал танҳо тайи чаҳор соли гузашта дар Тоҷикистон бар асари фалокатҳои табиӣ 145 нафар ҷон додаанд ва иқтисоди кишвар беш аз 200 миллион доллар зиён дидааст. Тайи 16 соли ахир дар ин кишвар 50 ҳазор мавриди кӯчиши хок сабт шуда ва 85 дар сади қаламрави Тоҷикистон минтақаҳои осебпазир дар баробари селу обхезӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG