Пайвандҳои дастрасӣ

Сатҳи омодагии Тоҷикистон ба фалокатҳои васеъмиқёси табиӣ


Як ҳайъати коршиносони Созмони Милал гуфтааст, ки агарчӣ Тоҷикистон таҷрибаи ғании рафъи авоқиби ҳаводиси табиӣ дорад, аммо қодир ба вокуниш ба фалокатҳои бузурги табиӣ ва ё муҳитизистӣ нест. Ин гуфта бад ин маънист, ки дар сурати вуқӯъи фалокатҳои бузург ҳукумати Тоҷикистон қодир нахоҳад буд, саривақт ба кӯмаки шаҳрвандони осебдидаву сахт ниёзманди хеш бишитобад.
Гурӯҳи коршиносони OCHA муассисаи ҳамоҳансгози кӯмакҳои башардӯстонаи Созмони Милал бо дархости ҳукумати Тоҷикистон тайи моҳи март имконоту тавоноии кишвар ҷиҳати рафъи фалокатҳои азими табииро омӯхта ва нимаи ин ҳафта хулосаҳои худро дар як гузориш нашр кардааст.
Дар ин гузориш гуфта шудааст, Тоҷикистон як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои зиёд ва мухталифи табиӣ, аз ҷумла заминларза, лағшиши хок, обхезӣ, хушксолӣ, тундбоду, эпидемияҳо ва ҳамлаи ҳашароти зиёновар аст.
Созмони Милал мегӯяд вазорати ҷавони изтирории Тоҷикистон дорои мутахассисони пуртаҷриба аст ва бо созмонҳои байналмилалӣ дар заминаҳои ташхису бартарафсозии фалокатҳои табиӣ ҳамкории зиёд мекунад. Сохтору имконоти аввалия барои вокуниш ва рафъи фалокатҳои табиӣ дорад, аммо ин ҳама аз ҳам пароканда фаъолият мекунанд ва дар сурати фалокати табии васеъмиқёс Тоҷикистон дар расидагӣ ва рафъи он оҷиз хоҳад монд. Дар гузориши Созмони Милал гуфта мешавад, Тоҷикистон танҳо қодир ба расидагӣ ба фалокатҳои табиӣ хурду ва ҳаҷман миёна аст агар худо накарда фалокати бузурги муҳитизистие рух диҳад, ин кишвар ҳамчунин дар роҳи гирифтани кӯмакҳои байналмилалӣ мушкилоти зиёде хоҳад дошт, чаро ки имконоти қабул ва тавзеъи онҳоро надорад.
Тибқи гузориши Созмони Милал танҳо тайи чаҳор соли гузашта дар Тоҷикистон бар асари фалокатҳои табиӣ 145 нафар ҷон додаанд ва иқтисоди кишвар беш аз 200 миллион доллар зиён дидааст.
XS
SM
MD
LG