Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ричард Баучер ба Тоҷикистон меояд


Бино ба иттилоъи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қарор аст, ҳафтаи оянда Ричард Баучер ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ аз Тоҷикистон боздид ба амал орад ва бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад.
Игор Сатторов - сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дипломати баландпояи амрикоӣ рӯзи якшанбе, 7 май вориди пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мешавад. Тибқи барномаи сафар интизор меравад дар ҳамин рӯз Ричард Баучер бо Талбак Назаров вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд.
Ҳамчунин Ричард Баучер - ёвари вазири хориҷаи Амрикоро рӯзи душанбеи 8 май Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, бо вай гуфтугӯ анҷом медиҳад. Дар ҷараёни сафари Ричард Баучер ба Тоҷикистон ҳамчунин мулоқоти ӯ бо намояндагони аҳзоб ва маҳофили сиёсии ин кишвар барномарезӣ шудааст.
Ричард Баучер аз моҳи феврали соли 2006 мақоми ёвари вазири корҳои хориҷии Амрикоро ба ӯҳда дорад. Қабл аз ин ӯ дар симатҳои муовинат ва раҳбари дафтари матбуъоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико ифои вазифа кардааст.
XS
SM
MD
LG