Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони ду Бадахшон


Муҳаммадзоҳир Нуристонӣ - консули Афғонистон дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфт, созишномаҳои ҳамкорие, ки дар заминаҳои сиёсату иқтисод, фарҳанг, омӯзишу парвариш чанде пеш миёни ду вилояти Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон имзо шуданд, асосан барои ҳалли мушкили сокинони умдатан ҷавони ҳар ду вилоят нигаронида шудааст.

Ба қавли оқои Нуристонӣ, мушкили аслии ҷавонони Бадахшони Тоҷикистон набуди ҷойи кори муносиб дар ҳудуди вилоят аст. Ба гуфтаи ӯ тибқи яке аз қарордодҳои имзошуда, ҷавонони тоҷик метавонанд дар макотиби Афғонистон дарс гӯянд ва ба ин тартиб ду мушкил ҳал мешавад. Аввал мушкили бекории ҷавонони Бадахшони Тоҷикистон ва дуввум мушкили норасоии омӯзгорони макотиби Бадахшони Афғонистон.

Оқои Нуристонӣ мегӯяд: "Масалан дар Афғонистон бинобар шароити ҷангӣ имконот дар онҷо имконот бисёр кам аст, ки ҷавонон таҳсилоти олии худро анҷом дода бошанд. Тоҷикистон мутахассис зиёд дорад, ҷавонони дорои таҳсилоти олӣ зиёд ҳастанд, аммо заминаи кор барояшон мусоид нест. Агар имкон бошад инҳо барои кор дар Афғонистон ҷазб шаванд, ки инҳо аз илми худ истифода бикунанд ва онҳо аз дониши инҳо истифода карда, барояшон ҳуқуқ бидиҳанд. Ин гуна равобит ҳаст, ки ду кишвари ҳамсоя дасти ҳамдигарро гирифта, дар ҳар бахше, ки яке ба дигаре ниёзмандӣ дошт, ӯро кӯмак бикунанду, якҷоя бо роҳи тараққиёт пеш бираванд."

Муҳаммадзоҳир Нуристонӣ дар идома гуфт, чун Бадахшони Тоҷикистон назар ба вилояти ҳамсояааш дар Афғонистон имконоти бештар дорад, метавонад барои омӯзгорони Афғонистон курсҳои омӯзишӣ доир кунад ва ё устодони донишгоҳҳои худро барои тамрини омӯзгорони Афғонистон ба онҷо фиристад.

Дигар аз риштаҳое, ки ҷавонони ҳар ду тарафи марз метавонанд ҳамкорӣ бикунанд ва ба дӯстии ҳам биаязонд ин ба гуфтаи оқои Нуристонӣ варзиш аст: "Ва дар қисмати фарҳанг ва спорт ҳам метавонанд, ки варзишгарони ҳарду тараф, футболбозон, гӯштингирон, таеквондову карате дар рӯзҳои расмии Тоҷикистон иштирок ва мусобиқа кунанд ва варзишгарони Тоҷикистон дар идҳои расмии Афғонистон."

Дар ин зимн Гулхоҷа Ҷангибеков - ректори Донишгоҳи шаҳри Хоруғ дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, онҳо омодаанд, муҳассилини афғонро ба донишгоҳ қабул ва мутахассисони худро ба Афғонистон сафарбар намоянд.
Дар ҳамин ҳол ҷавонони Бадахшони Тоҷикистон аз имзо шудани қарордод доир ба омӯзишу парвариш миёни ду ҷониб истиқбол кардааст. Яке аз онҳо ба Ояндасоз гуфт, ки ин қарордод имкон медиҳад, ҷавонони ҳарду тараф боз ҳам наздиктар шаванд ва дигар ин ки ҷавонони бекори тоҷик метавонанд ба Афғонистоне, ки дар ҳоли эҳёст бираванд ва корҳои мувофиқ ба ихтисоси хеш пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG