Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё дар воқеъ дар Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ вуҷуд доранд?


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ҳеҷ зиндонии сиёсӣ нест ва аслан дар қонунҳои кайфарии кишвар низ чунин навъи иттиҳом ва ҷазо ҷой надорад. Вале баъзе намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз изҳороти Раҳматуллоҳ Зойиров дар мавриди мавҷудияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд.
Вале оё ҳуқуқшиносони дар ин бора чӣ мегӯянд ва дар сурати мавҷудияти маҳбусони сиёсӣ ё парвандаҳои сиёсӣ онҳо метавонанд аз ҳаққи шахси зерҳимояти худ дифоъ кунанд?
Ин мавзӯъро Раиси анҷумани вакилони мустақили дифоъ Абдулқайюм Юсуфов баррасӣ кард. Ва муовини раиси Конфедератсиони Байналмилалии Ҳуқуқи Башар Абдулкарим Лоҳиҷӣ мегӯяд, ки дарҳои кишварҳое чун Тоҷикистон бояд ба коршиносони хориҷӣ боз бошад, то онҳо битавонанд, бо вазъи маҳбусон ва шароити зиндонӣ шудани онҳо аз наздик ошно шаванд. Он гоҳ дақиқ хоҳад шуд, ки оё дар кишвар маҳбусони сиёсӣ ҳастан ё на. Вале, афзуд Лоҳиҷӣ, ҳукуматҳое ки чунин имкониятро фароҳам намеоранд, бояд бидонанд, ки дар он сурат шубҳаи мавҷудияти маҳбусони сиёсиро ба эҳтимол табдил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG