Пайвандҳои дастрасӣ

Хотимаи сафари Эмомалӣ Раҳмонов дар Қазоқистон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов сафари дурӯзааш ба Қазоқистонро пурбор ва муваффақомез хонда, аз натоиҷи он изҳори қаноатмандӣ кард. Вай дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, боздиду мулоқотҳояш дар Қазоқистонро "дар дараҷаи олӣ" арзёбӣ намуд.
Дар идомаи ин гуфтаҳо, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Шарипов афзуд, ки муҳимтарин натиҷаи сафар имзои созишнома доир ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон будааст.
Рӯзи панҷуми май дар шаҳри Остона форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд ва дар ин анҷуман раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов аз тоҷирони қазоқ даъват ба амал овард, ки дар соҳаҳои барои ҳарду кишвар судманди иқтисод, аз ҷумла истихроҷи маъодин, энержӣ, роҳсозӣ ва кишоварзӣ сармоягузорӣ кунанд.
Ба гуфтаи Зокир Вазиров - вазири кор ва таъминоти иҷтимоии Тоҷикистон, ҳар ду кишвар ба созишномае дар мавриди муҳоҷирати корӣ имзо карданд, ки тибқи он ҳузури тамоми муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Қазоқистон қонунӣ мешавад. Ба қавли Зокир Вазиров, ҳамчунин Қазоқистон барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон 10 ҳазор ҷойи кор квота ҷудо кардааст ва мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ҳалли худро ба зудӣ пайдо мекунад.
Қабл аз анҷоми сафари дурӯза дар Қазоқистон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов бо тоҷирони тоҷик ва намояндагони ҷомеаҳои тоҷикони Қазоқистон дидору гуфтугӯ кардааст.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG