Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хусусигардонии корхонаи бофандагӣ ба нафъ аст ё ба зарар?


Бар пояи иттиллоъи Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи хусусигардонии корхонаҳои хурду бузург ва миёнаи давлатӣ, дар як музояда, корхонаи саҳҳомии бофандагии Тоҷикистон бо нархи беш аз 13,5 миллион сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд. Вайсиддин Тиллоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар музоядаи дуввум, ки дар нимаи дуввуми моҳи май доир мегардад, корхонаи мазбур бо нархи се баробар арзон аз нархи қаблӣ ба фурӯш монда хоҳад шуд.

Абдурауф Ҷӯраев, сухангӯи Вазорати саноъати Тоҷикистон мегӯяд, хусусисозии корхонаи бофандагии кишвар, ки яке аз корхонаҳои дорои аҳамияти стратегӣ мебошад, ба мисли корхонаву муассисаҳои дигар зарур ва ҳатмӣ мебошад. Ҷаноби Ҷӯраев аз рӯи таҷрибаи бархе корхонаҳо гуфт, мутаассифона, корхонаҳо баъд аз хусусисозӣ муфлис мешаванд.

Коршиноси мустақил, Масъуд Собиров, мухолифи фурӯши чунин корхонаҳои бузург мебошад. Вай мегӯяд, ба фурӯш мондани корхонаи саҳҳомии бофандагӣ, ки дар солҳои Шӯравӣ беш аз 10.000 коргар дошт, феълан, барвақттар мебошад.

Тибқи омори Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли равон, беш аз 40 корхонаи саноъатӣ, аз қабили корхонаи Ҳумо, комбинати шарбати Истаравшан, корхонаи мебелбарории Душанбе, ва дигар, дар музоядаҳои тендерӣ бо нархҳои аз 500.000 то 10 миллион сомонӣ фурӯхта шудаанд.
XS
SM
MD
LG