Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии баён аз дидгоҳи рӯзноманигорон


Нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта Озодии баён мавзӯъи аслии матруҳа дар шумораҳои тозаи ҳафтаномаҳои чопи Душанбе буд, ки як рӯзи баъд аз Рӯзи ҷаҳонии озодии сухан нашр шудаанд.

Озодии баён мавзӯъи аслии матруҳа дар шумораҳои тозаи ҳафтаномаҳои чопи Душанбе буд, ки як рӯзи баъд аз Рӯзи ҷаҳонии озодии сухан нашр шудаанд.

«Факти о комментарии» навиштааст, дар Тоҷикистон озодии баён мавҷуд аст, вале он заъиф буда ва зуд зуд мавриди таҳоҷумоте қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон, мувофиқи омори расмӣ 325 расонаи чопӣ сабти ном шудааст, навиштааст «А-П», ва илова кардааст, ки аммо ин теъдод ҳокии озодии баён дар кишвар нест, зеро аксари кулли расонаҳои сабти ном шуда фаъолият намекардаанд.

«А-П» ҳамчунин чанде аз журналистони тоҷикро, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, пурсон шудааст, ки оё дуруст аст, ки мафҳуми матбуоти озод афсонае беш нест? Аксари куллияи пурсидашудаҳо посух додаанд, ки на, озодии баён дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва агар, ки чунин намебуд, дунё аз ҳаводиси маҳбаси Абу – Ғурайб барои мисол огоҳ намешуд. Мусоҳибони нашрия гуфтаанд, иттилоот ва маълумоти дақиқ нерӯи қавие ҳаст, ки ҳаёти ҷомеаро метавонад беҳбуд бахшад ва аз роҳи каҷ ҷомеаро сӯи пайраҳаи саодат раҳнамун созад.

«Миллат» дар навиштае бархе аз расонаҳои маҳаллиро ба тарғиби сиёсати кишварҳои хориҷ, қабл аз ҳама Русия муттаҳам карда ва навиштааст, ки дар саҳафоти ин нашрияҳо матолибе Чоп мешавад, ки комилан ба дарди хонандаи н намехӯрад. Ҳафтанома навиштааст, дар сурате, ки расонаҳои маҳалли Тоҷикистон аз Русияву Амрикову дигару дигар кишвар пуштибонӣ мекунанд, тафаккури воҳиди миллӣ аз куҷо шакл мегирад, дар сурате, ки тафаккури миллӣ дар дунёи имрӯз бино бар навиштаи «Миллат» танҳо тариқи расонаҳо дар шуури мардум шакл мегирад.

Ҳафтаномаи тозанашри «Вақт», ки чопи шумораи нахустинаш ба Рӯзи ҷаҳонии озодии сухан мусодиф афтодааст, дар матлабе радиоҳои Тоҷикистонро таҳлил кардааст. Дар матлаб шунавандаҳои радиои Тоҷикистон чанд мӯсафеду кампир ва шунавандаҳои радиои дигари давлатӣ, Садои Душанбе мардуми деҳот номида шудаанд, ки дастрасӣ ба расонаи дигаре надоранд. Дар матлаб ҳамчунин аз эҳтимоли таъсиси як радиои мустақил дар Душанбе ва боз як радиои дигари мустақил дар ноҳияи Вахш хабар додааст.

Ҳафтаномаи тозанашри дигар, «Факти и Комментарии», ки шумораи дуввумашро чоп мекунад, барои беҳбуд бахшидани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон чанд пешниҳоде кардааст. Муҳимтарин иқдом ба ақидаи муаллифи ин матлаб, таъсиси як Шӯрои сартосарии журналистон будааст, то куллия созмонҳои мавҷуда зери як бом гирд биёянд.

Ҳафтаномаи «Наҷот» низ сари таъсиси як Иттиҳоди нави рӯзноманигорон таъкид намуда ва Иттиҳоди феълиро, ки чанде қабл фаъолияташ муваққатан қат гардида буд, зери тозиёнаи интиқод гирифтааст, ки коре барои дифоъи ягон журналист ва ҳатто аъзояш анҷом дода натавонист.

«Азия Плюс» як мақола дар бораи расонаҳои хабарии Афғонистон чоп карда ва суханро дар ин кишвар озодтар аз ҳар кишвари дигари ҳамсояш номидааст. Ва аммо мушкили журналистони афғон он будааст, ки онҳо интиқодое сахт аз ҳукумат мекардаанду вале ҳукумат ба он матолиб аҳамият намедодааст. Ва аммо як афзалияти вазъи расонаҳо дар ин кишвар дар муқоиса бо ҷамоҳири дигари минтақа дастрасӣ ба иттилоот будааст.

Як мавзӯъи дигар, ки дар расонаҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта мунъакис гардида буд, нерӯгоҳи Роғун буд.

«Азия-Плюс» матлабе интишор дода ва истодагариҳои ҷониби Тоҷикистон сари масъалаи баландии сарбанди нерӯгоҳи Роғунро монеъаи аслии пиёда шудани ин тарҳ номидааст. Муаллифи матлаб навиштааст, мардуме, ки имрӯз сарбанди баландро мехоҳад, замоне барои паст будани ин сарбанд талош меварзид. Навишта шудааст, ки Роғунро маҳз ширкати русии РусАл, ки аллакай барои ин тарҳ миллионҳо доллар харҷ кардааст, хоҳад сохт.

Ва аммо матлабе, ки нашрияи «Миллат» чоп кардааст, аз иқтисодшинос Тоҳири Абдуҷаббор, навиштааст, Роғун бояд моли Тоҷикистон бошад, зеро тарҳҳои азими энержӣ дар ҷаҳони имрӯз аҳамияти баланди стратегӣ доранд, ва ба ихтиёри кишварҳои хориҷӣ додани ин гунна иншоот истиқлоли ҷумҳуриро зери хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG