Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қазоқистон -- тарафдори ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон


Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пас аз баррасии робитаҳои дуҷониба дар Остона Эъломияи муштарак ва 6 созишномаи густариши ҳамкориҳоро ба имзо расонданд. Яке аз муҳимтарин созишномаҳо ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кор ва дигаре ба сохтмони шоҳроҳи байнулмилалии Алмато -- Бишкек -- Душанбе -- Кобул ба воситаи ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон бахшида шудаанд. Президент Раҳмонов Қазоқистонро коршарики раҳбурдии Тоҷикистон номид ва гуфт, барои сармоягузории соҳибкорони қазоқ зиёда аз 400 лоиҳаро бо худ ба Остона овардааст. Ҳамчунин тарафҳо ба созиш расиданд, ки минбаъд Рӯзҳои фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор шавад. Дар идомаи сафараш президент Раҳмонов дар Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилев суханронӣ хоҳад кард.
Насибҷони Амонӣ, Остона
XS
SM
MD
LG