Пайвандҳои дастрасӣ

Сармояҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд чӣ боздеҳ доранд?


Таъмини шаффофият дар истифодаи маблағҳои инвеститсионӣ, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти татбиқкунандаҳои барномаҳои инвеститсионӣ бо мақомоти ҳукуматҳо ва сокинони маҳаллии Суғд. Ин мавзӯъ ахиран дар Хуҷанд раисони ҳукуматҳои вилоятӣ ва шаҳру навоҳии Суғд, сарони Маркази ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар дастгоҳи президенти Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори умуми вилоятро барои як сӯҳбати мизи гирд ба ҳам овард.

Қосим Қосимов - раиси ҳукумати Суғд нақши роҳандозии барномаҳо бо маблағгузорӣ аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалии молиявиро дар рушди хоҷагии минтақаи шимолии Тоҷикистон муассир арзёбӣ кард ва афзуд:

«Имрӯзҳо дар вилояти Суғд 12 барномаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дошта, се барнома амалӣ шудааст. Бо амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 56 муассисаи соҳаи маориф ва 86 муассисаи бахши тандурустӣ таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд. Барои ин мақсад шашу ним миллион доллари амрикоӣ сарф гардидааст. Лоиҳаҳои амалишудаистода дар барқарорсозии инфрасохтори соҳаи мелиоратсия ва хоҷагии об, кишоварзӣ, дастгирии соҳаи маориф ва тандурустӣ барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят заминаҳои мусоид фароҳам месозад. Бовар дорам ин лоиҳаҳо саршавии кор аст. То соли 2001 дар вилоят татбиқи 83 лоиҳа бо маблағи 217 миллион доллари амрикоӣ дар назар аст.»

Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд, ба ҷуз роҳандозии ин барномаҳо бо маблағгузории хориҷӣ инчунин бунёди хати баландшиддати барқи Ҷануб - Шимол, ифтитоҳи туннелҳои Анзоб ва Шаҳристон, сохтани роҳи нақлиётии Душанбе - Хуҷанд - Бӯстон ва Айнӣ - Панҷакент низ тарҳрезӣ шудааст.

Вале нуктаи асосии мавриди баҳс дар нишасти Хуҷанд ин буд, ки маблағҳои аз ҷониби созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ, ба мисли Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонкҳои Аврупоӣ ва Осиёии Рушд, барои пиёдасозии барномаҳо дар вилояти Суғд ба ҳайси вомҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудогардида на дар ҳама маврид дуруст ва мақсаднок истифода шудааст.

Масалан, Турсунбой Раҳматов - раиси ноҳияи Мастчоҳ, иштирокдори нишаст гуфт, ки ду ҷамоати пахтакори ин ноҳия аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ наздики 6 миллион доллари ИМ кӯмаки пулӣ дарёфт ва истифода кард, аммо ба пешрафте ноил нагашт:

«5 миллиону 820 ҳазор доллар сарф шуда бошад ҳам, ҳосилнокии пахта ҳеҷ боло нарафт. Дар соли 2004 12 сентнер аз ҳар гектар буд, имсол 13. Ҳол он ки дар аксари хоҷагиҳои дигари ноҳия аз ҳар гектар 18 - 20 сентнер ҳосил ба даст оварда шуд. Мақсади ин ҷо ҷамъ омадани мо ҳамин ки маблағи кӯмакҳои хориҷӣ дар оянда мақсаднок ва самарабахш истифода шавад.»

Ҳамчунин ба гуфтаи иштирокдорони нишаст, дар барои сохтмони ду мактаб дар навоҳии Ғончиву Айнӣ қисме аз маблағи кӯмаки хориҷӣ ғайримақсад истифода шудааст.

Фаррух Аҳроров - журналисти маҳаллӣ, дигар аз иштирокдори нишасти мизи гирд инро, ки ҷиҳати муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи барномаи рушди бахши кишоварзӣ танҳо дар як ҷамоати хурди ноҳияи Мастчоҳ 1 миллиону дусад ҳазор доллар воми имтиёзноки Бонки Ҷаҳонӣ масраф шудааст, тааҷҷубовар меҳисобад, дар ҳоле ки дар ин бора дар нашрияҳои вилоятӣ матолибе ба назари вай нарасидааст:

«Маблағҳои ҳангуфт ҷудо шудааст, аммо дар бораи он барномаҳои инвеститсионӣ кӣ ва чӣ гуна ташвиқот мебарад, ки мардум дар бораи бисёр лоиҳаҳо чизе намедонад. Боз инаш ҳам ҳаст, ки баъзе барномаҳо бисёр ташвиқ мешавад, лекин дар амал масалан, насосҳои обкашии насб кардаи онҳо тез аз кор мебарояд. Бисёр корҳои ин гуна барномаҳо фақат дар рӯи коғаз мемонад.»

Вале Музаффар Исҳоқов - мудири Маркази ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири беҳбуди таъмини шаффофияти корбурди кӯмакҳои хориҷӣ дар маҳалҳо механизмҳое таҳия ва корбаст кардаанд. Ба гуфтаи вай, дар маҳалҳо барои қабули иншоотҳое, ки бо кӯмаки хориҷӣ бунёд меёбанд, кумитае аз сокинони маҳаллӣ таъсис мегардад. Музаффар исҳоқов афзуд, бештар ҳамоҳанг сохтани фаъолияти татбиккунандагони барномаҳо бо мақомот ва сокинони оддии маҳалҳои Суғд ба таъмини шаффофият дар корбурди кӯмакҳои пулии хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG