Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳадисҳои паёмбари ислом


Коргардони барнома -- Салими Аюбзод Агар ба рӯзгори мардум, бингарем, мебинем, муқаррароти ноаёне мавҷуд аст, ки ин зиндагиро ба низом меорад ва тавозун медиҳад. Бахше аз ин тартибу низомро қонунҳои давлатӣ эҷод мекунанд, аммо бахши дигари амиқтарро дар муносибатҳои иҷтимоӣ боварҳои динӣ ба вуҷуд меоранд ва дар мисоли Тоҷикистон, махсусан ҳадисҳои паёмбари ислом.

Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҳазорон сомонаеро метавон ёфт, ки ҳадисҳои паёмбари исломро ба забонҳои гуногун нашр кардаву шарҳ додаанд ва ҳатто ҳамин гуна дар шакли порчаи овозӣ ҷой додаанд. Ин порча аз Саҳеҳи Бухорист, аз маҷмӯъаи аҳодис, ки дар тамоми олами ислом шӯҳрати бесобиқа дорад ва муаллифи он на аз қавми паёмбар, балки аз тоҷикони Вароруд аст.

РОСТИРО БИҶӮЕД...

Дар ҳадисҳои паёмбари ислом чунин омадааст: "Ростиро биҷӯед, агарчи дар он ба назари шумо ҳалокат намудор аст. Наҷот дар ростист. Аз дурӯғ бипарҳезед, агарчи он ба назари шумо наҷот намудор шавад, зеро дурӯғ ҳалокат аст." Ба қавли фақеҳон, шаш маҷмӯъаи ҳадис мавҷуд аст ва шумори ҳадисҳои набавӣ аз 84 то чанд ҳазор тахмин зада мешавад. Инҳо андарзҳое ҳастанд, ки ба гуфтор ё кирдори ҳазрати Муҳаммад рабт мегиранд ва дар ҳоле ки бархе аз онҳо қариб дар ҳамаи маҷмӯъаҳо зикр гаштаанд, бархи дигар танҳо дар яке аз онҳо омада, таҳти шубҳаи фақеҳон қарор дорад.
Мудири бахши кашфи ислом дар Маркази пажӯҳиши ислом дар Доҳаи Қатар Шоҳ-ул-Ҳамид мегӯяд, Ҳадис ва Қуръон бо ҳам пайванди ногусастанӣ дорад: "Фаҳмидани Қуръон бидуни Ҳадис номумкин аст. Қуръон паём аст ва Ҳадис шарҳи паём аз тарафи худи паёмбар."
Шоҳ-ул-Ҳамид мегӯяд, "Қуръон" китоби илоҳист ва паёмбар фақат василае буд, ки онро ба уммат интиқол диҳад. Биноан, ин ҷо нақши ҳадис муҳим шуд, то ташреҳи паёмбарро дар мавриди "Қуръон" ба умматаш бидиҳад. Аммо агар Ҳадис ба назар гирифта нашавад, чи ҳолате рӯй медиҳад?
"Агар мо ҳадисро ба назар нагирем, мо ҳаргиз нахоҳем донист, ки мазмуни комили Қуръон чист. Агар Ҳадис набошад, ағлаби Қуръон танҳо як назарияи абстракт хоҳад буд. Бидуни тафсилоте, ки дар Ҳадис ҳаст, мо ҳаргиз нахоҳем донист, ки чи гуна бояд намоз гузошт, рӯза гирифт, закоти мол дод ва ҳаҷ кард. Дар чанд ҷойи Қуръон омадааст, ки пайғамбар саллалоҳу алайҳи вассалам на танҳо бояд китобро ба ом омӯзонад, балки ҳикмати онро бикушояд. Пас, агар мо ҳадисро ба назар нагирем, чунин маънӣ хоҳад дошт, ки Қуръонро ба назар намегирем."
Шоҳ-ул-Ҳамид, муаллифи чандин рисола дар бораи Ҳадисҳои набавӣ, мудири бахши кашфи ислом дар Маркази пажӯҳишҳои исломӣ дар Доҳаи Қатар. Пас, Ҳадис на ёдбудҳои зиндагӣ ва ё ҳолномаи паёмбари ислом, балки як василаи муҳим ва ҳатто асосии дарки Қуръон ва ислом будааст. Вале оё нақши онҳо дар ташаккули афкори мардум ва танзими рӯзгори он дар Тоҷикистон аз чӣ иборат аст? Ин мавзӯъро ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат бо уламои дин ва равоншиносону донишмандон аз тӯри таҳлил мегузаронад ва натиҷагирӣ мешавад, ки Ҳадисҳои набавӣ танзимгари афкору одоби мардум дар зиндагии ҳаррӯза дар Тоҷикистон.

САҲЕҲ, ҲАСАН ВА ЗАЪИФ

"Панҷ чизро аз панҷ ғанимат шумор, то пушаймон нашавӣ. Зиндагиро пеш аз мурдан, тандурустиро пеш аз беморӣ, шуғлро пеш аз бекорӣ, ҷавониро пеш аз пирӣ ва тавонгариро пеш аз дарвешӣ." Ин порча низ дар китобчаи Сад ҳадис дар Хуҷанд, дар соли 1990 нашр шудааст. Дар ин маҷмӯъа бисёр андарзҳое ҳастанд, ки бештар ба намунаҳои хиради мардумӣ ва ё насиҳатномаҳои қадимаи фарсию тоҷикӣ, монанди Муколамаҳои Буругмеҳр ва ё номаи Унусулмаолии Кайковус шабоҳат доранд.
Дар Ғарб садҳо намунаи ҳадис нашр шуда, боз ҳам Саҳеҳи Бухорӣ дар миёни пажӯҳишгарони ғарбӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Аммо то садаи нуздаҳ ҳадисҳоро дар Ғарб бештар ҳасбиҳоли паёмбари ислом мешумурданд. Аввалин бор Игназ Голдзийер онҳоро калиди дарки ислом номид. Соли 1959 китоби Ҷозеф Шахт, "Асоси адлияи Муҳаммадӣ" нашр шуд, ки дар он ҳадис маъмӯъи қонунҳои исломӣ унвон шуд, вале ҳамзамон гуфта шуд, ки ағлаби ҳадисҳо бофта ва тақаллубиянд. Ҳамнафаси мо, Шоҳ-ул-Ҳамид, мудири бахши кашфи ислом дар Маркази пажӯҳишҳои исломӣ дар Доҳаи Қатар мегӯяд, бо баъзе сабабҳо ҳадисҳо ба анови гуногун тақсим мешаванд: "Саҳеҳ", яъне қобили қабул. Ҳадисҳое ки ҳам манбаъи онҳо маълум аст ва ҳам гузоришгари онҳо дақиқ ва ин гузоришгар ба дараҷаи кофӣ маъруф аст. Дигар "ҳасан", яъне хуб. Манбаъ ва гузоришгар маълуманд. Ва дастаи саввум, "заъиф", яъне ҳадисҳое ки ба дараҷаи ҳасан нестанд, зеро дар силсилаи нақли онҳо холигоҳ вуҷуд дорад."
Донишманди саршиноси фиқҳ Фазл-ур-Раҳмон дар баҳсе бо пажӯҳишгарони ғарбӣ мегӯяд, эҳтимолан бархе аз ҳадисҳо ҳангоми интиқол аз насл ба насл тағйир карда бошанд ва бархе ҳам дертар изофа шуда, бештар ривоятӣ бошанд, вале бо вуҷуди ин, матни онҳо пойбанди як мантиқи куллист ва нишон медиҳад, ки чигуна ислом дар ҷаҳони муосир метавонад, зиндагии мардумро танзим кунад. Дар Тоҷикистон, пас аз бухор шудани андешаҳои коммунистӣ, ҳадисҳоянд, ки ҷойи онро дар зеҳни мардум пур мекунанд.
XS
SM
MD
LG