Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухҳои Сафири Тоҷикистон


Ҳамватанони азиз, пеш аз ҳама ман ба кормандони радиои Озодӣ барои фароҳам овардани муошират миёни Сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва ҳамватанони гиромии мо, миннатдории худро баён мекунам. Ҳар як хабаре ки аз пешрафтҳои Тоҷикистон аз тариқи радиои Озодӣ садо медиҳад, боиси афзоиши обрӯ ва мартабаи Тоҷикистон дар арсаи байлалмилалӣ мегардад.
Ман ба хубӣ дар ёд дорам, ки Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар миёни тамоми роҳбарони ҷумҳуриҳои ИДМ, аввалин буданд, ки соли 2000 ба маркази радиои Озодӣ ташриф оварда, аз аҳволи кормандони радио, ки аксари онҳо ҳамватани мо ҳастанд пурсон шуданд ва суханронӣ намуданд.
Чун саволҳои ҳамватанонро хондам, аз дараҷаи баланди маданияти муоширати онҳо хабардор гаштам ва аз Шумо барои тавваҷӯҳ ба сафорати мо, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ИМА ва алалхусус Ватани маҳбубамон сарфарозам. Ба ҳамаи Шумо рӯзгори нек, кирдори нек ва бахти накӯ таманно дорам.

БАХШИ АВВАЛ: УМУРИ ДИПЛОМАТӢ

Ҷаноби сафир, оё системи интихоби сафирони Тоҷикистон дар хориҷа чи гуна аст ва киҳо метавонанд, сафири Тоҷикистон шаванд? Саидвалӣ

Дигар ин, ки мӯҳтарам сафир, 15 соли истиқлол дорем ва чаро то ҳанӯз аз бонувон ягон сафир дар кишваре надорем, мо Тоҷикон, ки хешро миллати ботаммадун медонем. Магар сиёсат ва дипломатияро танҳо мардон пеш бурда метавонанд?
Дар амони Худо бошед!

(Барои дидани саволҳо, луфтан ин ҷумлаи сабзро фишор диҳед.)

Аввал ин, ки сафирони Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69-и Сарқонуни Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон таъин шуда, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешаванд. Аз тарафи дигар тибқи Конвенсияи муносибатҳои дипломатии Вена (1961), сафирон бояд ҳатман аз ҷониби давлати мизбон пазируфта шаванд. Бо ҳамин мақсад, давлате, ки сафирашро ба давлати дигар мефиристад, ҳатман пеш аз эъломи расмии таъини ӯ, бо роҳҳои дипломатӣ аз давлати мизбон дархости иҷозат мекунад. Ҳуҷҷате, ки дар ин ҳолат истифода бурда мешавад агреман буда, маънои ризоият гирифтанро дорад. Агар кишвар сафиреро пешниҳод кунаду дар давоми як моҳ аз кишвари мизбон ҷавоб нагирад, ин ба маънои радди номзад хоҳад буд ва давлати таъинкунанда дар пайи пешниҳоди номзади дигар хоҳад шуд.
Дар хусуси он ки киҳо метавонанд, сафир шаванд, гуфтаниам, талаботи ҳирфаӣ дар Қонуни хизмати дипломатии Тоҷикистон муайян шудааст. Ба ақидаи ман, талаботи аввалиндараҷа аз сафир садоқати комил ба Ватан ва Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки намояндагии онҳоро дар мамлакати бегона ба ӯҳда мегирӣ. Масалан, дар Амрико сафирон дар маросими таъинот дар Департаменти давлатӣ дар ҳузури ҳамкорон ва ақрабояшон, ба номи ватан ва раиси ҷумҳурашон савганд мехӯранд. (Вожаи "бегона"-ро ман дар ҷумлаи боло беҳуда истифода накардаам, корманди дипломатӣ ин вожаро доимо бояд дар хотир дошта бошад.) Саводи комил, маҳорати баланди муоширати сиёсӣ ва истодагарӣ барои манфиатҳои Ватан, донистани забонҳои хориҷӣ ва алалхусус забони кишваре, ки дар он ҷо сафир таъин мешавӣ, дигар омилҳои муҳими дипломатия аст. Интихоб ва пешниҳоди сафирон дар зиммаи Вазорати хориҷӣ ва дастгоҳи Раиси Ҷумҳур вогузор шудааст. Ногуфта намонад, ки таърихан дар дипломатия ду намуди сафирон ҳастанд: сафирони сиёсӣ ва касбӣ. Ба қатори сафирони сиёсӣ онҳое дохиланд, ки аз арсаи сиёсат бо сабабҳои гуногун ба дипломатия омадаанд. Ва дуввум, ононе, ки аз системаи дипломатияи касбӣ баромада, зинаҳои муайянеро дар ин соҳа тай кардаанд.
Дар хусуси иштироки бонувон дар дипломатия. Фикр мекунам, ки ин савол бештар ба худи бонувон бояд равона шавад, чунки пеш аз ҳама худи онҳо бояд кӯшиш аз ҳама бештар кунанд, то ба ин поя расанд. Зиёда аз ин, ман имрӯз дар Тоҷикистон ҳеч монеае дар роҳи иштироки васеъи занҳо дар дипломатия намебинам. Ба ғайр аз ин, бо бисёр сафирони давлатҳои дигар, ки зан буданд, ҳамкорӣ доштам, ва фарқе дар тавонмандӣ ва дигар хусусиятхои касбӣ дар байни зану мард намебинам. Барои ҳамин ҳам, ҷонибдори баланд бардоштани роли зан дар ҷомеъа, аз он ҷумла дар дипломатияи ҷавони тоҷик мебошам.

Мӯҳтарам сафир!
Шумо дар кишваре намояндагии моро муаррифӣ доред, ки ба қавле "падари равандҳои демократист" ва воқеан Амрико кишвари сиёсатҳост. Ва Инсон ба ҳар сурат арҷ дорад. Аз нигоҳи ҳуқуқ, иҷтимоъ, дастовард ва ғайраҳо.
Шумо чун сафири мо ҳастед, чи хулосаҳо бардоштед, агар ба Тоҷикистон баргадед, ба кадом реформаҳои ҷиддӣ даст мезанед? Нисо


Салом Нисо. Ба қисми аввали саволи Шумо ҷавоб дода гуфтаниам, ки воқеъан Амрико пешвои равандҳои демократӣ дар дунёст. Вале маънии саволи Шуморо дарк карда, гуфтаниам, ки Амрико дар як шабонарӯз Амрикои имрӯза нашудааст. Набояд фаромӯш кард, ки Амрико зиёда аз 200 сол демократия сохта, то ҳанӯз ба мушкилиҳои зиёде рӯбарӯст. Бубинед, ҳатто то солҳои 1960-ум, дар Амрико қисми зиёди аҳолӣ дорои ҳуқуқҳои асосии конститутсионӣ набуд. Ё ин, ки баҳсҳои имрӯзаи ҷомеъаи Амрико дар атрофи ҳуқуқҳои муҳоҷирон аз Амрикои Лотин. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин нишони он аст, ки ҳеч як давлат ба маънои томаш демократия хонда шуда наметавонад, фақат нисбӣ. Демократия олоти универсалӣ барои беҳбуди зиндагӣ набуда, аз он мо бояд эҳтиёткорона ва бо эътирофи манфиатҳои миллӣ ва оромии ҷомеа истифода кард.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди демократия қадамҳои нахустин, вале устувор мениҳад. Ногуфта намонад, ки дар яке аз сухарониҳояш ҳамтои ман дар Тоҷикистон сафир Ҳоугленд, Тоҷикистонро дар қатори Қазоқистон ва Қирғизистон шомили "долони ислоҳот" номид, ки баҳои муносиб ва эътирофи давлати Амрикост, чунки сафир баёнгари нуқтаи назари давлат аст. Дар охир гуфтаниям, ки роҳи пешгирифтаи роҳбарияти сиёсии давлатамон ҷавобгӯи замон аст ва дар сиёсати имрӯза ман тарафдори дигаргуниҳои ба ном "инқилобӣ" нестам. Танҳо чизе ки ман мебинам, ин аст, ки сиёсати дурусти Сарвари кишвар дар соҳаи демократиконии ҷомеа, ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ, муборизаи беамон муқобили ришва, бо сабаби ноӯҳдабароии бархе аз мансабдорон ва алабатта набудани имкониятҳои кофии молиявӣ халалдор мегардад. Аз ин лиҳоз, ман сиёсати роҳбари кишварамонро дар ин самт пурра дастгирӣ карда, онро оқилона мешуморам, зеро сиёсати имрӯзаи роҳбарияти Тоҷикистон ин бунёди ҷомеаи демократӣ бо роҳи эволютсионӣ мебошад.

Бо дуруд ва пирӯз бошед!
Аз сафир чанд пурсишам ҳаст.
Пеш аз ҳама аз ин, ки ба ин мақом баргузида шудаанд, офаринашон мегӯям, аммо эшон аслан кӣ ҳастанд? Ростӣ, танҳо аксашонро дидааму номашонро шунидаам, дигар ҳеҷ. Фикр мекунам, ҳамтои амрикоияшон аз Душанбе бояд намунаи мисол бошад.
Дурбини ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомии Тоҷикистон ва Амрико то куҷост? Ба фикри Шумо, агар ҳамтоятон барои боз кардани дарҳои бозори Тоҷикистон ва Афғонистон талош кунад, кӯшо ба ин буда метавонед, ки тоҷирон ва бозаргонҳои моро барои боз кардани дарҳои иқтисоди Амрико ва чизе беҳтар аз дуди димоғи Русия ба хонаводаашон оварданд, роҳнамо бошед?


Саволи бисёр хуб додед, хусусан ишора ба кушодани дарҳои бозори Тоҷикистон ва Афғонистон ба ман хуш омад. Дар ин мавзӯъ гуфтаниям, ки саҳми сафорати мо низ дар ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомии байни ду кишвар зиёд аст. Ва воқеан ҳам, ин самт яке аз самтҳои асосии кори намояндагӣ буда, қисми асосии вазифаи кормандони сафоратро ташкил медиҳад. Дар чаҳорчӯбаи нақшаҳои солонаи сафорат, мо дар Амрико як силсила мулоқот бо ширкатҳои бузургро дар назар дорем. Бар иловаи ин, ман дар конфронсу мулоқотҳои иқтисодӣ суханрониҳо карда, сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро ташвиқ мекунам. Инчунин, мо дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои алоҳидаи Тоҷикистон ва тоҷирони тоҷик сафарҳои корӣ ташкил мекунем, ки бисёр муфид буда ва гуфта метавонам, ки самараи хуб меоваранд. Диққати асосӣ барои ҷалби сармоя ба соҳаи энергетика, аниқтараш барои сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бозорёбӣ ё маркетинг равона карда шудааст. Дигар ин, ки мо ба ҷалби сармоя ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм, кӯҳканӣ ва телекоммуникация низ диққати ҷиддӣ медиҳем. Бо ин мақсад, мо бо тамоми вазоратҳои иқтисодии Амрико, хусусан Департаменти давлатӣ ва Вазорати савдо он ҳамкории зич дорем. Худи ҳамин сол, дар шаҳри Вашингтон якчанд ҳайъати ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар мулоқотҳои зиёд ширкат карданд. Фақат дар ду моҳи охир, ду гурӯҳи бисёр хуби тоҷирони тоҷик ба Амрико омада, дар шаҳрҳои Вашингтон ва Ню-Йорк як гуфтушунидҳои умедбахш доштанд. Мо тасмим гирифтем, ки чунин сафарҳоро ба Амрико зиёдтар кунем ва сафорат омодааст, ба тоҷирон дар ин самт кӯмаки зарурӣ пешниҳод кунад.
Агар дар хусуси ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон сӯҳбат кунем, мо низ дар Вашингтон дар ин самт кори зиёд ба анҷом мерасонем. Мо на танҳо ба Ҳукумати Амрико дар ин масъала робита дорем, балки бо Сафорати Афғонистон дар Вашингтон низ аз наздик ҳамкорӣ мекунем. 4 апрели соли чори дар Вазорати савдои Амрико сафирони Осиёи Миёна ва Афғонистон суханронӣ доштем, ки аз қабили он чорабиниҳое буд, ки саволдиҳандаи мӯҳтарам шунидан мехост. Ва агар дар хусуси дурнамои муносибатҳои дуҷониба сухан кунем, ман интизор дорам, ки дар ояндаи на он қадар дур, мо шоҳиди пешравиҳои назаррас дар муносибатҳои иқтисодӣ хоҳем шуд. Аз ҳоло нишонаҳои онро метавон дид. Агар дар давоми даҳсолаи гузашта савдои Тоҷикистону Амрико солона на зиёда аз 60 миллион долларро ташкил медод, соли гузашта он яку якбора боланд шуда, ба 241 миллион доллар расид. Аҷибаш ин аст, ки аз ин адад зиёда аз 212 миллион долларро экспорти Тоҷикистон ба Амрико ташкил мекунад, ки комёбии назараси дахсолаи охир аст. Савдои дуҷониба асосан аз молҳои мазкур сурат гирифт; алюминий, пахта ва молҳои текстил, молҳои электромеханикӣ, молҳои антиқӣ, пойафзол ва ҷиҳози варзиш, электроника ва видеотехника, сангҳои қимматбаҳо, нашриёт ва ғайра.

Оё метавон мутмаин шуд, ки дар сурате мо як рӯз нангу ор мекунем ва аз "моҳихӯрӣ" ба "моҳидорӣ" гузашта марзҳоямонро пурра зери назари худ мегирем, аз Амрико ҳадди ақал ин ки сарбозони аз кӯча ҷамъоварӣ кардаамонро бо пӯшок таъмин кунад, бо ғизо сер ва бо туфанг мусаллаҳ намоем?

Пеш аз ҳама, то он даме, ки мо дар мавриди мушкилоти ҷомеаи худ бо чунин оханги тунд саволгузорӣ мекунем, муносибатами мо низ бо он масъалаҳо ҳамон хел боқӣ мемонад. Албатта, дар корубори артиши Тоҷикистон аз он ҷумла қувваҳои сарҳадӣ камбудиҳо мавҷуданд, аммо имрӯз ҳар фарди тоҷик бояд на айб, балки роҳи ислоҳи камбудиҳоро ҷӯяд. Таъмини артиш ин на фақат вазифаи як худи давлат, балки ин вазифаи шаҳрвандии мо низ ҳаст. Дар Амрико ҳам шаҳрвандон дар пурқувват кардани артиш иштироки бевосита доранд. Биёед, ҳар яки мо пеш аз он, ки масъалагузорӣ кунем, аз худ бипурсем, ки оё худи ман саривақт ва ё аслан андоз месупорам ё не, ё ин ки мисли он дар Амрико ҳаст, барои сарбозоне, ки дар хизмат ҳастанд чӣ кӯмаке кардаам. Агар дар мисоли Амрико бубинем, ҳар гоҳ, ки ба фурӯшгоҳҳои бузург меравед, дар онҷо гурӯҳҳоеро мебинед, ки корашон ҷалби ҷавонон ба артиши ИМА мебошад, вале ҳеч кас намегӯяд, ки онҳоро "аз кӯча ҷамъоварӣ кардаанд". Ҳазорон сандуқҳои хайрия дар паи ҷамъоварии маблағ ба сарбозони Амрико ҳастанд.
Моҳи октябри соли гузашта рухсатиямро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гузаронида, савораю пиёда аз Шӯробод то ба Ишкошим сафар кардам. Бо мардуми зиёд ҳамчунон сарҳадбонон ҳамсӯҳбат шудам. Дар омади гап, он шоҳроҳе, ки давлати Тоҷикистон бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Раиси ҷумҳур, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов, дар кӯҳистони касногузар бунёд кардааст, Иттиҳоди Шӯравӣ дар 70 сол сохта натавонист ва он ҳамто надорад. Дар Рӯшон хонаи пирамарди хирадманд, Пайшанби Амирхудоев шаб мондем, ки ӯ 30 сол директори мактаб буда, кунун бознишастааст. Пирамард аз аҳволи сарҳадбонҳо хуб огоҳӣ доштааст ва ба мо то бевақтии шаб қисса кард. Ҳар рӯз, новобаста аз вазъи начандон хуби иқтисодии худ, нонашро ду тақсим карда, ба сарбозони бо ибораи ӯ "фарзанди инсон" медиҳад. Ҳамдеҳагонро ташвиқ карда, ҳашар кардаанд, то боми "застава"-ро тармим кунанд. Ман пеши чунин мардони хирадманду ба ору номус сар хам мекунам.
Дардҳои имрӯзаи артиш, албатта ба ҳамаи мову шумо маълуманд, вале бояд қайд кард, ки роҳбарияти давлат тамоми кӯшишро ба бартараф кардани онҳо сафарбар кардааст. Барои мисол, сафоратхонаи мо низ тибқи дастур бо ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори Амрико барои таъмини идораҳои қудратии Тоҷикистон кор мекунад ва шояд тавассути матбуот, радио ва телевизион аз он ҷумла радиои Озодӣ, Шумо аз натиҷаҳои он огоҳ бошед. Ногуфта намонад, ки артиши Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои муштаракулманофеъ ягона артише буд, ки аз давлати Шӯравӣ тангае ҳам мерос нагирифт. Вақте ки дигарон барои молу мулки Шӯравӣ талош мекарданд, мо ба ҷанги бародаркушӣ андармон шуда, хонаи якдигарро оташ мезадем. Ва имрӯз ҳамаи айбро болои ҳукумат партофтан ҷавонмардӣ ва хирадмандӣ нест. Ногуфта намонад, ки аз байни тамоми давлатҳои собиқ Шӯравӣ, мо танҳо нестем, ки аз хориҷа кӯмак мегирем. Баъзе аз онҳо солона танҳо аз Амрико қариб то 1 млрд. доллар кӯмак мегиранд.
Артиш ин қувваи умумимиллӣ буда, ба манфиати кишвар, яъне ҳар фарди ҷомеа хизмат мекунад ва ҳар яки мо, дар рушди он масъулияти муайян дорем.

Салом, мӯҳтарам сафир.
Аввал, чаро дипломатияи Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳо фаъолияти суст дорад ва аз ҳаққу ҳуқуқи кишвар дифоъ намекунад? Мисол, дар соли гузашта Шумо чӣ қадар сармоя ба кишвари азизамон даровардаед? Ва умуман сабаби наомадани сармоядорони амрикоиро ба Тоҷикистон дар чӣ мебинед?
Мусофири дур аз Ватан


Дуруд ба Шумо мусофири дур аз ватан! Аз савол низ чунин ба назар мерасад, ки бо ҳамдигар то дараҷае дар як ҳолати рӯҳӣ ҳастему ҳамеша дар мусофирӣ ёди ватану дӯстонро дорем.
Саволи бисёр хуб ва бамавқеъ додед, ташаккур.
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷаи сафорат, ҷалби сармоя низ мавқеи хоссае дорад, ки мо ҳамарӯза дар атрофи он кор мекунем. Маҳз бо ҳамин мақсад, камина фақат дар шаш моҳи гузашта панҷ дафъа бо сармоягузорон мулоқот доштам ва дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суханронӣ кардам. Чунончи дар марвиди сармоягузорӣ дар гидроэнержӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва роҳҳо сӯҳбатҳо доштам. Аз рафти корамон чунин бармеояд, ки натиҷаҳои назаррасе низ дорем.
Ногуфта намонад, ки фарқи Амрико аз дигар давлатҳо дар он аст, ки ин ҷо ҳукумат тиҷоратро зери назорат надорад ва аз ҳамин сабаб ба куҷо рафтани онро низ муайян намекунад, вале агар сармоя ҷое рафт, пурра онро дастгирӣ ва ҳимоя мекунад. Мумкин барои Шумо тааҷҷубовар бошад, вале хулосаи сӯҳбатҳои мо ин аст, ки сабаби асосии суст будани вуруди сармоя ба Тоҷикистон на вазъи сиёсӣ, на иқлим ва на дурии роҳ, балки набуди оддитарин намудҳои хадамот, ба мисли ғайриимкон будани харидани чиптаи ҳавопаймо аз тариқи интернет, то ба наздикӣ мушкил будани гирифтани раводиди сафар, набудани парвозҳои мустақим ва мунтазам аз хориҷаи дур, паст будани сатҳи хадамот дар меҳмонхонаҳои Тоҷикистон ва ҳоказо. Дар қатори мушкилиҳои номбурда, ришваситонӣ як мушкили махсус аст, ки душманвор ба манфиатҳои миллии мо таъсири манфӣ мерасонад.

Радиои Озодӣ: Қисмати дуввуми посухҳои ҷаноби сафир Ҳамроҳхон Зарифов ба саволҳои Шумо, ки асосан ба масъалаи таҳсил ва зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахшида шудааст, ба зудӣ нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG