Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати шубҳаангези як узви ҳизби исломии Тоҷикистон


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҳалокати як узви ин ҳизб дар ноҳияи Исфара кормандони умури дохилаи ин шаҳрро айбдор донистааст. Милисаи Исфара рӯзи 3-юми май узви ҲНИТ Саъдулло Маъруфовро ҳабс кард, вале рӯзи дигар ҷасади ӯро пайвандонаш аз сардхона дарёфт кардаанд.
Раҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов ба радиои Озодӣ гуфт: "Рӯзи гузашта як нафар аз фаъолони ҳизб Маъруфов Саъдулло аз ҷониби кормандони органҳои дохилӣ боздошт шуда ва шаб гӯё инки аз қабати сеюм афтида, вафот кардааст. Мо ба ин ақида астем, ки ҳамин шахсият аз ҷониби кормандони органҳои дохилӣ ба қатл расонида шудаст."
Қосидиддинов афзуд, дар бораи далели боздошт ва ҳадафи ин ҳалокати узви ҳизб иттилоъ надорад. Вале бо такя ба натоиҷи муъоинаи пизишки осебшиноси Исфара гуфт, ки ҳалокати ин узви фаъоли ҳизб бо хушунат ва амдан сурат гирифтаааст.
Муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров хабари ҳалокати Маъруфовро тасдиқ кард: "Аз тиреза худашро партофтааст. Агар ин айби ягон корманд бошад, ҷавобашро медиҳад."
Қаҳҳоров афзуд, як ҳайъат аз мақомоти умури дохила барои таҳқиқи ин қазия равонаи Исфара шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG