Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои ҷамъиятӣ:Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон ниёз ба такмил дорад


Созмонҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон зимни баррасии тарҳи пешниҳодии ислоҳот ва такмили қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон хостори ҳарчи сареътар мутобиқсозии ин қонун ба Қонуни асосӣ ва соир муоҳидаҳои байналмилалии вобаста ба ҳуқуқи башар шуданд. Рустам Менгалиев муовини вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ки таҷриба ва таҳлил нишон додаст, ки дар воқеъ зарурати ҳамоҳангсозии ин қонун бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал пеш омадааст.Мукаррам Алимардонова додситони калони раёсати назорати додситонии кулли Тоҷикистон дар ин замина гуфт: "дар банди 221 қонун шаҳрвандии Тоҷикистон муҳлати ҳуқуқи даъво 3 сол пешбинӣ шудааст.Дар банди 232 бошад ҳуқуқи шаҳрвандон барои моликият зикр шудааст,ки табиатан муҳлат надорад. Аз ҷумла ҳуқуқ ба манзил. Ва таҷрибаи мо нишон додаст, ки ин ду асли қонун якдигарро инкор мекунанд. Масалан як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Душанбе иқомат мекунад ва дар Хуҷанд низ хона дорад, баъди бештар аз се сол огоҳ мешавад, ки касе бо истифодаи асноди қалбакӣ манзили уро фурухтааст. Ба мақомот муроҷиат мекунад ва посухи рад мегирад, ки муҳлати ҳуқуқи даъво пушти сар шудааст ва ҳамин тавр шаҳрванд аз ҳақи моликияти худ маҳрум мешавад.Чунин ҳодисаҳое дар амал бисёр мушоҳида кардем. Аз ин ҷост,ки қонуни шаҳрвандӣ бояд ислоҳ шавад"
Аммо дар ҳамин ҳол Лола Раҳмонова мудири курсии ҳуқуқи шаҳрвандии Донишгоҳи Русия ва Тоҷикистон мегўяд ҳамин усули қонуни мазкур дуруст аст. Ба эътиқоди хонум Раҳмонова ҳамин усули қонуни амалкунанда дуруст аст ва моликон масъули нигоҳдории моликияти худ ва падохти ҳаққи нигаҳдории он ҳастанд. Ва қонун пешбинӣ мекунад, ки агар шаҳрванд ё молик дар воқеъ аз огоҳ набошад, ҳақ дорад даъво кунад ва дар сурати собит кардани ноогоҳияш мақомот муваззафанд даъвои ӯро баррасӣ кунанд.
Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон аз соли 2000 ум то кунун амал мекунад ва акнун аз ҷониби намояндагони созмонҳои ҳуқуқӣ ва дастгоҳи иҷроияи Раёсати Ҷумҳурӣ тарҳи ислоҳоти қисмати авали ин Қонун омода шудааст, ки бояд ба баррасии камисюни махсус ироа шавад.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG