Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари боздошти 300 муҳоҷир тасдиқ шуд, аммо...


Хабаргузориҳои Русия субҳи имрӯз иттилоъ доданд, ки гӯё дар ҳошияи шаҳри Санкт- Петербург 6 автобус бо 300 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон аз тарафи полиси Русия боздошт шуда, ҳамаи онҳо санади зарурӣ надоштаанд ва ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия ба сар мебурдаанд. Вале таҳқиқи хабарнигори радиои Озодӣ дар Маскав Муҳаммадраҳими Сайдар нишон дод, ки аз ҳамаи боздоштшудагон танҳо 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, бақия атбоъи Қирғизистон ва Ӯзбакистон будаанд. Намояндаи Ҷомеаи тоҷикони Русия Муродулло Усмонов, ки ба шӯъбаи 49-уми Вазорати умури дохилии Русия рафта, аз аҳволи шаҳрвандони Тоҷикистон хабар гирифт, мегӯяд, ҳуҷҷати ҳамаи 6 шаҳрванди Тоҷикистон комилан дуруст буда, зиндагӣ ва кори онҳо дар қаламрави Русия қонунист. Бархилофи хабари расонаҳои русӣ, ин муҳоҷирон на дар ҳоли сафар аз Тоҷикистон ба Русия боздошт шудаанд, балки субҳ аз хобгоҳ ба коргоҳ мерафтаанд ва ҳамеша аз шоссеи Виборг мегузаштаанд. Намояндаи милисаи Русия ба Усмонов гуфтааст, ин тафтиш ба муносибати нишатси ояндаи сарони ҳаштгонаи саноатӣ ҷараён ёфта, агар санади боздоштшудагон дуруст бошад, онҳо ба зудӣ озод мешаванд. Радиои Озодӣ ин воқеъаро бодиққат пайгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG