Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқоти дастхобонӣ шурӯъ шуд


Рӯзи панҷшанбеи чаҳоруми май дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ оғоз шуд.

Сардовари ин мусобиқот Нодир Дареғӣ, раиси Федератсияи армспорти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт,дар ин мусобиқот,ки барои севвумин баргузор мешавад, ҳудуди 100 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва шаҳри Душанбе ширкат доранд. Вай афзуд, дар рақобатҳои дурӯза зӯртарин варзишгарони кишвар, ба мисли қаҳрамонҳои бисёркаратаи Тоҷикистон Сироҷ Азизов ва Гуландом Халилова, ҳарду аз Душанбе, Тоҳир Тоҳиров, аз шаҳри Хуҷанд ва Хусрав Ҷумъаев, аз шаҳри Хоруғ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ талош меварзанд. Ғолибони ин мусобиқот дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 16 то 21 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Ва як хабари дигар. Кумитаи байналмилалии олимпӣ бар асоси барномаи ҳамраъйии олимпӣ ба даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон, ки барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин талош мекунанд, стипендия ё моҳонаи махсуси олимпӣ таъин кард. Бино ба иттилоъи Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чаҳор нафар гуштигирон дар риштаи дзюдо - Расул Боқиев, Рауф Ҳикматов, Парвиз Собиров ва Неъматулло Асронқулов, чаҳор муштзан - Шералӣ Достиев, Ҷаҳон Қурбонов, Маъруф Файзуллоев ва Константин Мокроусов, гурзандоз Дилшод Назаров ва тирандоз Сергей Бабиков ба дарёфти моҳонаи махсуси олимпӣ мушарраф гаштаанд.
XS
SM
MD
LG