Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили раҳбарияти вазорати энержӣ чӣ маънӣ дошт?


Ба думболи дар матбуоти маҳаллӣ пайиҳам нашр шудани як силсила матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти вазорати энержии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов бо фармони раисиҷумҳур аз мақоми вазири энержӣ барканор шуда ва собиқ муовини аввалаш Абдуллоҳ Ёров ба ин симат таъйин шуд. Ёров дар воқеъ то соли 2000, яъне то ба мақоми вазорат расидани Нурмуҳаммадов вазири энержии Тоҷикистон буд. Табдили раҳбарияти вазорати энержӣ дар пайи аз ҳайъати ин ниҳод таҷзия шудани бузургтарин корхонааш - "Барқи Тоҷик" сурат мегирад, ки низ раҳбарашро табдил кард. Гуфтанист, ки бо қарори ҳукумат ба симатҳои муовини аввал ва муовини вазири энержии Тоҷикистон ҳам нафарони нав омаданд.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ин тағйироти кадрӣ як матлаб бо номи "Мағзшӯӣ давлати Тоҷикистонро ба куҷо мебарад?" дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" ва матлаби дигар таҳти унвони "Дерипаска барои мо чӣ месозад: нирӯгоҳ ё ҳукумат?" дар нашрияи "Миллат" нашр шуданд, ки ҳарду моломоли интиқоди фаъолиятҳои вазорати энержӣ ва ба вижа ҳамкориҳояш бо ширкати "Русский Алюминий" ё худ РусАл буд.

Нуралӣ Давлатов, муаллифи матлаби ҳафтаномаи "Миллат" мегӯяд, РусАл якуним сол пеш ба иқтисоди Тоҷикистон ваъдаи якуним миллиард доллар сармоя карда буд, аз ҷумла 600 миллион барои сохтани нирӯгоҳи Роғун, вале дар ин ҳама муддат дар ин кишвар ҳамагӣ ним миллион доллар масраф карда ва он ҳам асосан барои барномаҳои иҷтимоиву фарҳангие назири озмуни "Суруди Сол". Нуралии Давлат мегӯяд, дар масъалаи сабукдӯш шудани Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов аз мақом нақши матолиби интиқодӣ дар матбуот шояд камрангтар бошад, назар ба далоили сиёсӣ. Ӯ мегӯяд, сол соли интихобот аст ва дар чунин марҳалаи ҳасссоси сиёсӣ вазорат натавонист шурӯъи амалии сохтмони нирӯгоҳи Роғунро таъмин кунад ва ҳамин тавр ваъдаи президент Раҳмонов ба мардум, ки дар зимистони гузашта дар шабонарӯз то 10 соат барқ хоҳанд дошт, замин шуд.

Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси барномаи мо аммо ба вуҷуди мушкилоти зиёде дар кори вазорат, ки кундии музокирот танҳо ҷузъе аз онҳост, таъкид мекунад ва мегӯяд, масъалаи табдили вазири энержӣ кайҳо пухта расида буд ва нашри матолиби танқидӣ дар матбуот танҳо баҳонаи муносибро барои иҷрои ин барнома фароҳам кард.

Ва аммо дасти Маскав ё худ ширкати "Русский Алюминий" дар барканории раҳбарияти вазорати энержии Тоҷикистон то кадом андоза маҳсус аст? Нурмуҳаммадов ва ёронаш дар ҳоле тарки мақом мекунанд, ки баҳси байни вазорати энержӣ ва ширкати РусАл бар сари наҳви сохтмони сарбанди ин нирӯгоҳ ҳамчунон идома дорад. Ва ин ҳол сарусадоҳоеро ҳам дар миён овард, ки шояд як иллати барканории вазир забон наёфтанаш бо РусАл бошад. Аммо Нозирҷони Ёдгорӣ, сухангӯи вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, иллати аз мақом рафтани Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов РусАл нест, балки раҳбарияти нави вазорат ҳам дар музокирот бо ин ширкати сармоягузор ҳамон хатти машшеро идома хоҳад дод, ки вазорати энержӣ дар давраи оқои Нурмуҳаммадов пеш мебурд.

Нуралии Давлат, муаллифи мақолаи "Дерипаско барои мо чӣ месозад: нирӯгоҳ ё ҳукумат?" аммо мегӯяд, танҳо гузашти вақт ва то дар музокирот бо РусАл ба кадом сӯ ҳаракат кардани раҳбарияти нави вазорати энержӣ нишон хоҳад дод, ки нақши Маскав дар тағйироти ахирии кадрӣ дар Душанбе чӣ гуна буд?
XS
SM
MD
LG