Пайвандҳои дастрасӣ

Пешрафтҳои тоҷикони Красноярски Русия


Ба эътиқоди Ҳайдар Алимов, раиси маркази фарҳангии тоҷикони муқими Красноярск дар чунин корхонаҳо ба кор пазируфта шудани муоҳоҷирон нишонаи пешрафт ба шумор меравад, зеро аз як тараф онҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар зери ҳимояи давлат қарор мегиранд, аз ҳама гуна ҳуқуқи иҷтимоъӣ бархурдор мешаванд ва аз сӯи дигар нишонаи он аст, ки ҳунар ва заҳматписандии онҳо эътибор пайдо кардааст.

Тайи сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ раиси маркази фарҳангии «Пайванд», Ҳайдар Алимов ҳамчунин хабар дод, ки феълан дар вилояти Красноярск ҳудудан 15 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Шаст дар сад дар бинокорӣ, 20 дар сад дар тиҷорат ва аз ин миён даҳҳо нафар соҳиби дӯкону корхонаи худ шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Алимов яке аз дигар пешрафтҳои хуби муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Красноярск ин аст, ки аксари бачагони муҳоҷирон дар мактабҳои миёна ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли таҳсили ахир 8 тан аз фарзандони муҳоҷирони тоҷик ба мактабҳои олии шаҳри Красноярск дохил шуданд, вале мушкили аслӣ дар ин роҳ надоштани шаҳрвандии Русия мебошад. Дар ҳамин ҳол мақомоти вилоят ба бачаҳои тоҷик иҷозат додаанд, ба мактабҳои олӣ ройгон дохил шаванд ва дар соли саввуми таҳсил шаҳрвандӣ дарёфт намоянд, дар акси ҳол диплом гирифта наметавонанд. Ба ҳамин хотир мақомоти вилоят ба беш аз 200 нафар иҷозатномаи зиндагии муваққатӣ додаанд, ки зинаи дуввуми расидан ба шаҳрвандии Русия ба ҳисоб меравад. Ҳайдар Алимов ҳамзамон гуфт, ки феълан дар вилояти Красноярск 30 духтури тоҷик кор мекунад ва бемористони рақами 20, ки бузургтарин дармонгоҳи минтақа мебошад, омода аст, духтурони ҷавон аз Тоҷикистонро ба кор бигирад. Вай афзуд, муҳоҷирони тоҷик чун дигар мардуми минтақа бо дарёфти бимаи тиббӣ бо 600 рубл метавонанд, аз хидмати тиббӣ озодона истифода намоянд.

Раиси маркази фарҳангии «Пайванд» ба саволе, ки бархӯрди пулис ва гурӯҳҳои миллатгаро бо мардуми омад чӣ гуна аст, гуфт, дар қиёс бо Маскаву Санкт-Петербург беҳтар аст.

Дар конфронсе, ки мақомоти марбутаи Красноярск ҳамроҳ бо ҷамоъаҳои қавмии маскуни вилоят дар бастагӣ ба мавсими нави муҳоҷирати корӣ баргузор кардаанд, гуфта шудааст, имсол шумораи муҳоҷирони корӣ ба минтақа 10 дар сад афзоиш ёфт, ки баёнгари бархӯрди хуби мақомот бо муҳоҷирон аст.

Дар идомаи сӯҳбат Ҳайдар Алимов хабар дод, ки ҳоло ҷамоъаҳои тоҷикони шаҳрҳои сибирии Русия барои таҷлили ҷашни Сайри лола омодагӣ мегиранд. Ба гуфтаи Алимов иди Сайри лола аслан ҳамон иди Навруз аст, вале ба сабаби сардии ҳавои Сибир дар моҳи март, тоҷикони Сибир ҳарсола Наврӯзро дар миёнаҳои моҳи аввали тобистон ба ҳангоми шукуфтани гул ва дамидани сабза ҷашн мегиранд - бо рияои ҳамаи суннатҳои он. Иди Сайри лола дар тамоми шаҳрҳои бузурги Сибир - Новосибирск, Кемерово, Томск, Ёқутистон ва ғайра бо ширкати ҷамоъаҳои қавмӣ ва мақомот мегузарад ва ба гуфтаи Алимов як заминаи созгоре барои ҳамбастагии муҳоҷирони тоҷик бо дигар қавму миллатҳои маскуни Сибир гардидааст.
XS
SM
MD
LG