Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили ид бо ёдоварӣ аз сахтиҳо


Дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар Рӯзи Ҷаҳонии Озодии Матбуот иддае аз хабарнигорори тоҷик бо мусоидати Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ ва Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон гирди ҳам омада, мушкилоти матбуоти кишварро баррасӣ карданд.
Дар ин нишаст хабарнигорон гуфтаанд, ки озодии матбуот дар Тоҷикистон тайи як соли ахир маҳдудтар шудааст, чаро ки бисёри рӯзномаҳои мустақил, ки дар он афкори мухталифу интиқодӣ нашр мешуданд, аз чоп бозмонданд. Дар дигар рӯзномаҳои мустақил афкори интиқодиву матолиби интиқодӣ кам нашр мешавад ва ба гуфтаи хабарнигорон, сабаби ин - тарс аз иқдоми ҳукумат ба зидди он рӯзномаҳост.
Дар ин нишаст зикр шудааст, ки рӯзномаҳои мустақил худсенсориро пеша кардаанд ва аз фаъолияти ҳукумату мансабдорон чандон интиқоде намекунанд, аз он метарсанд, ки гирифтори сарнавишти шабеҳе мисли рӯзномаҳои "Рӯзи Нав", "Нерӯи Сухан" ва "Оламу Одам" нашаванд.
Нашрияҳое, ки аввал мақомоти андоз онҳоро дар таққалубкорӣ муттаҳам карданд ва баъдан нашриёти Тоҷикистон аз чопи онҳо худдорӣ намуданд.
Дар ин нишаст ҳамчунин ба фаъолияти матбуоти мустақил дар арафаи интихоботи раиси ҷумҳурӣ сухан рафтааст. Умед Бобохонов раҳбари гурӯҳи расонаии "Азия Плюс" гуфтааст, шояд дар остонаи интихобот матбуоти мустақил ба мушкилоте рӯ ба рӯ шаванд, аммо Раҷаби Мирзо сардабири рӯзномаи "Рӯзи Нав" гуфтааст, чӣ гуна метавон доир ба мушкилоти озодии сухан дар Тоҷикистон ҳарф зад, дар ҳоле, ки озодии сухан дар ин кишвар вуҷуд надорад. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳеҷ мушкиле дар кори матбуоти мустақил эҷод намекунанд ва шумораи зиёди нашрияву хабаргузориву радиоҳои мустақил баёнгари он рушди матбуоти озод дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG