Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи анбори аслиҳаи хатарнок дар Тавилдара


Мақомоти идораи умури дохилаи ноҳияи Тавилдара гуфтанд, ҳангоми амалиёти вижае як махфигоҳи силоҳу муҳимоти ҷангиро ошкор кардаанд. Исо Латифов муовини раиси шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара ба Радиои Озодӣ гуфт, ин панҷумин махфигоҳест, ки тайи чор соли равон дар ҳудуди ноҳия кашфу безарар гардонида мешавад. Вай гуфт, ин махфигоҳҳо, ки аз замони ҷанги дохилӣ мерос мондаанд, бо ҳамкориву кӯмаки сокинони маҳаллӣ аз рустоҳои Тавилдара, Чилдара ва Сангвори ин ноҳия кашф шудаанд.
Исо Латифов афзуд: "Дар ин муддат шаш адад автомати Калашников, се адад гранатмёт, се адад карабин ва миқдори зиёди тирҳои аслиҳаи сабуку вазнин ёфта ва гирифта шуд."
Дар ҳамин ҳол Ҷонмаҳмад Раҷабов - раиси Маркази минарӯбии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун дар майдонҳои минакоришудаи водии Рашт мавсими нави кашфу безарар гардонидани навъи дигари муҳимоти ҷангӣ, яъне барчидани минаҳо шурӯъ нашудааст. Вай афзуд, бо расидани кӯмакҳои молии ваъдашуда барои барчидани минаҳо, амалиёт дар минтақа шурӯъ мешавад, то ки амнияти мардум таъмин гардад.
Ноҳияи Тавилдара 220-километрии шарқи Душанбе замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои набардҳои шадиди миёни нерӯҳои мухолифин ва ҳукумати кишвар буд.
XS
SM
MD
LG