Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гароиши бештари занон ба як созмони ифротӣ


Бар пояи маълумоти мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон, тайи ду соли ахир, аз шумори умумии афроди боздоштшуда ба иттиҳоми узвият ба Ҳизб-Ут-Таҳрир бисёре аз он онҳо занон будаанд ва иддае аз онҳо низ бо ҳамин ҷурм маҳкум ба зиндон шудаанд.

Худойназар Асозода - сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ду рӯзи пеш 1 май кормандони вазорат боз як зани 34-солаи сокини ноҳияи Синои пойтахтро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизб-Ут-Таҳрир боздошт ва аз манзили ӯ теъдоди зиёди китобу дастур ва варақаҳои тарғиботии ҳизбро ошкору мусодира кардаанд.

Ба гуфтаи оқои Асоев, аз хонаи ин зан ҳангоми кофтуков беш аз 600 китобу дастур, аз қабили “Демократия низоми куфр аст», «Низоми ислом» кашфу забт шудааст.

Абдуқодир Муҳаммадиев - сардори раёсати амнияти Додситонии Кулли Тоҷикистон гуфт, дар миёни қариб 100 узви муҷозотшудаи ин созмон дар соли 2005, ҳудуди 20 нафари онон занҳо мебошанд. Ӯ афзуд, таҳқиқи парвандаи 10 нафари онҳо дар додгоҳ идома дорад:

"Тибқи мушоҳидаҳои мо дар ду соли ахир, Ҳизб-Ут-Таҳрир аз занҳо бештар истифода мекунад. Ва занҳое, ки ба ин ҳизб мепайванданд, аксарашон узбактабор мебошанд. Ин албатта сабаб дорад, зеро баъди он ки дар аввали солҳои 90-ум, дар қаламрави Узбакистон фаъолияти ин ҳизб мамнӯъ эълом шуд, намояндагони он аз Узбакистон хориҷ карда шуданд ва онҳо дар шимоли Тоҷикистон ва манотиқи дигари узбакнишини кишвар ба фаъолият шурӯъ карданд."

Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз сабаҳои аслии ба чунин ҳаракату созмонҳо гаравидани занҳо аз як ҷониб, вазъи ногувори иқтисодӣ, фақру нодории эшон бошад, аз ҷониби дигар он аст, ки Ҳизб-Ут-Таҳрир солҳои ахир ба фаъолияти занҳо дар кори тарғибу ташвиқ дар миёни мардум, бартарии бештар медиҳанд.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар робита ба ин мегӯяд:

"Кореро, ки занҳо мекунанд, мардҳо карда наметавонанд. Занҳо аз хона ба хона мераванд ва дар миёни мардум бештар мегарданд. Дар маросиму маъракаҳо варақаҳоро паҳн ва ҳизбро тарғиб мекунанд."

Ҷаноби Валиев ҳамчунин гуфт, яке аз омилҳои аслии сол то сол, нерӯи тоза пайдо кардан ва фаъолияти бештар доштани ин созмон, он аст, ки як идда аз кишварҳои ҷаҳон, аз Ҳизб-Ут-Таҳрир пуштибонӣ мекунанд. Аммо оқои Валиев аз ин кишварҳо ном набурд.

Бархе аз соҳибназарон бар ин ақидаанд, ки таъқибу муҷозоти афроди гуманбаршуда ва ба маҳкама кашидани мардуми зиёд, бахусус занон бо ин ҷурм, роҳи дурусти мубориза бо ин созмон нест.

Нуқра Суннатӣ, рӯзноманигори тоҷик, дар робита ба ин масъала, мегӯяд:

"Ба фикри ман, ҳар қадар ки дарҳо дар ҷомеъа баста бошанд, ҳамон қадар мардум мехоҳад, ки пушти ин дарҳоро бубинад ва донад, ки онҷо чӣ мегузарад. Барои ҳамин ҳам ба маҳкама кашидан ва муҷозот кардани занҳо роҳи мубориза нест. Бояд ба мардум зарару манфиати онро фаҳмонем. Инсонҳо худашон, ки огаҳ шуданд, ҳаргиз ба чунин ҳаракату ҳизбҳои ифротӣ ҳамроҳ намешаванд."

Бар тибқи маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, тайи як ҳафтаи ахир, як нафар дар шаҳри Душанбе ва 7 нафар дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми вилояти Суғд, бо ҷурми узвият ва ҳамкорӣ бо Ҳизб-Ут-Таҳрир боздошт шудаанд, ки 5 нафари онҳо занҳо мебошанд.
XS
SM
MD
LG