Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як узви фаъоли Ҳизби Таҳрир дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе як зани 34 - солаи сокини пойтахт бо иттиҳоми узвият дар Ҳизби Таҳрир ва ҳамкорӣ бо ин созмон, ки ифротӣ эълон шудаву фаъолияташ мамнӯъ аст, боздошт шудааст. Худойназар Асозода, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин зан аз ҷониби Пулиси ноҳияи Синои шаҳр Душанбе боздошт шудааст. Ҷаноби Асозода гуфт, ҳангоми тафтиш аз манзили зисти ин зани боздоштшуда беш аз 650 китобу варақаҳо ёфт шудааст, ки гуфта мешавад, мӯҳтавои тарғиботи зиддидавлатӣ ва ифротгароёна доранд ва ин адабиёт ба барҳам задани низоми феълӣ даъват мекардаанд. Сухангӯи Вазорати умури дохила илова кард, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парванда боз шуда ва тафтишот шурӯъ шудааст. Чанд рӯзи пеш, додгоҳи шаҳри Хуҷанд - маркази идории вилояти Суғд, дар шимоли кишвар чаҳор занро бо иттиҳоми узвият ва фаъолият дар Ҳизби Таҳрир ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG