Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар номгӯи "Давлатҳои ноком" 7 зина боло рафт


Маҷаллаи "Foreign Policy" ("Сиёсати беруна", чопи Вашингтон) ва Бунёди барои сулҳ (Fund for Peace) таҳти унвони "Давлатҳои ноком" номгӯйи кишварҳоеро нашр карданд, ки дар ҳоли осебпазирии ҷиддӣ қарор доранд. Дар он Афғонистону Ироқ дар зинаҳои аввал қарор доранд ва осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон номида шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки 60 ҳукумат қодир ба идораи муассири тамоми қаламрави худ нестанд, қисми чашмгири аҳолиаш машрӯъияти ҳукуматро эътироф намекунад ва ҳукумат гирифтори фасодкории зиёд ҳаст.
Нақзи густурдаи ҳуқуқи башар, бадтар шудани вазъи хадамоти беҳдоштӣ, фирори мағзҳо аз кишвар дигар аз меъёрҳои таҳияи ин феҳраст будааст. Корманди Fund for Peace Патришия Тафт ба Радиои Озодӣ гуфт, инҳо асосан кишварҳое мебошанд, ки хеле фасодзадаанд ва ё чанде пеш аз низоъ раҳо шудаанд.
Тоҷикистон дар феҳрасти имсола 7 зина болотар рафтааст (ҷои 42 дар бани 60 давлат) ва ин ба он маъност, ки вазъи меъёрҳои ёдшуда дар кишвар бадтар шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон бо ин баҳои маҷаллаи Сиёсати Хориҷӣ ва Бунёди Сулҳ розӣ нестанд ва мегӯянд, вазъ баракс беҳтар шудааст.
XS
SM
MD
LG