Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мусобиқаи мотосиклронӣ


Ин мусобиқот бо ширкати 28 варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар, ки ба ҳайати нӯҳ даста дохил буданд, баргузор шуд. Тими мунтахаби вилояти Хатлон мақоми дуввум ва дастаи ноҳияи Ёвон мақоми севвумро ишғол карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони мактаби ҷумҳуриявии варзишию техникии шаҳри Душанбе - Руслан Юлдошев дар мотосикли ҳаҷми муҳаррикаш 125 сантиметри мукааб, Салават Ҳафизов (250 сантиметри мукааб) ва Ӯктам Хуррамов (500 сантиметри мукааб) мақоми аввалро касб карданд.

Генерал - майор Сафаралӣ Раҷабов, муовини аввали раиси Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, севвумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар шаҳри Кӯлоб доир мешавад. Вай афзуд, беҳтарин мотосиклронҳои мамлакат дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ, ки нимаи дуввуми моҳи май дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

ФУТБОЛ. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар дуввумин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ бар тими меҳмон - СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуд. Голро дар дақиқаи 71-уми бозӣ ҳамлагар Аҳтам Ҳамроҳқулов ба самар расонд. «Вахш» бо шаш имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунад. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода низ дар ду бозӣ шаш имтиёз ба даст овардааст, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо дар зинаи дуввум қарор дорад. Тими футболи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо нӯҳ имтиёз дар ҷадвал садрнишин аст. Дар рақобат миёни нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Нӯъмонҷон Ҳакимов, аз дастаи «Парвоз», ки ба дарвозаи ҳарифонаш панҷ тӯб задааст, дар ҷойи аввал мебошад.
XS
SM
MD
LG