Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъол шудани як марказ барои журналистони минтақавӣ


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа - маркази идории вилояти Хатлон дар пешорӯи рӯзи ҷаҳонии озодии баён як маркази иттилоотӣ барои журналистон боз шуд. Бунёди Сорос, ки мубтакир ва маблағгузори ин марказ аст, гуфтааст, маркази мазкур ба таълими донишҷӯён ва журналистони ҷавон машғул хоҳад буд ва давраҳои тадрибӣ баргузор хоҳад кард. Марказ бо комютерҳо ва китобҳои соҳаи журналистика таъмин шудааст. Хабар ҳокӣ аз он аст, ки дар рӯзҳои наздик, қарор аст, сомонаи интернетии маркази иттилоотӣ барои журналистони шаҳри Қӯрғонтеппа фаъъол бишавад.
XS
SM
MD
LG