Пайвандҳои дастрасӣ

Назари сафири Амрико дар Тоҷикистон дар мавриди озодии баён


Ричард Ҳоуглэнд, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар пешорӯи Рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар мавриди вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон изҳори назар карда ва гуфтааст, дар ин кишвар расонаҳои мустақили зиёде фаъолият мекунанд, вале барои даст ёфтан ба озодии баён корҳои бештаре бояд анҷом бишавад. Сафири Амрико, ки имрӯз, дуюми май дар сомонаи Авасто як сӯҳбати онлайн анҷом дод, гуфтааст, озодии ҳақиқии баён маънои онро дорад, ки расонаҳо ва жруналистон бидуни эҳсоси хатар, интиқом ва таҳдид фаъолият дошта бошанд. Сафири Амрико ҳамчунин гуфтааст, ки дар Тоҷикистон вақти он расидааст, ягон шабакаи мустақили телевизионӣ сабти ном бишавад ва чунин иқдомро як гоми муҳимме ба пеш хондааст. Дар баробари ин, сафири Амрико аз талошҳои журналистон тоҷик ба хотири инъикоси масоили мубрам қадрдонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG