Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Germany-2006 ба тоҷирони раштӣ манфаати молӣ меоварад


Рашт Шумори мавҷгир ва ё худ антеннахои моҳвораӣ дар ноҳияи Рашт афзоиш ёфтааст. Ҳангоми гузар аз деҳаҳои ин минтақа болои боми бисёре аз хонаҳои мардум метавон ин гуна мавҷгирҳоро дид, ки дар чанд соли пеш теъдоди он ангуштшумор буд.

Сабаби афзоиши мавҷгирҳои моҳвораӣ дар ноҳияи Рашт ба гунаҳои мухталиф шарҳ дода мешавад. Аз як сӯ, аксари одамон истифода аз ин намунаи фанновариро ба пешравии ҷомеа ва техноложӣ рабт медиханд.

Муҳаммадисои Мирзоабдулло, як сокини ноҳияи Рашт мегӯяд, дар вақтҳои ахир, мардум аз он сабаб ба чунин мавҷгирҳо рӯ меовардаанд, ки фазои иттилоотии кишвар барояшон танг аст. Ӯ мегӯяд, сабаби рӯй овардани мардум ба мавҷгирҳои моҳвораӣ ин кам будани иттилоот аз тарафи расонаҳои хабарии кишвар аст. Муҳаммадисо мегӯяд, дар набуди барқ мардум аз батарейкаҳои аккумуляторӣ барои ин мавҷгирҳо истифода мекунад.

Оқои Муҳаммадисо ҳамчунин меафзояд, ки имрӯз аксари мардум имкон доранд, дастрасӣ ба чунин мавҷгирҳоро дошта бошанд, зеро маҷмӯаи афзорҳои онро метавон бо арзиши аз 80 то 100 доллар дастрас кард. Ба ақидаи ӯ, аз як сӯ, ин хуб аст, ки мардум аз навгониҳои олам тавассути ин мавҷгирҳо огаҳӣ меёбанд, аммо аз сӯи дигар, дидани бисёри барномаҳои хориҷӣ дар шуури мардум фарҳанги бегонаро талқин мекунад.

Фаррухи Худойдод, ходими фарҳангистони улуми Тоҷикистон бар ин назар аст, ки будани мавҷгирҳои моҳвораӣ барои ашхосе, ки забонҳои хориҷӣ меомӯзанд, муҳим мебошад. Ӯ гуфт, дар деҳот аксари хонандагони макотиби миёна забони русиро намедонанд, аммо тавассути тамошои шабакаҳои телевизионии Русия ба қадре аз лаҳн ва гуфтори ин забон огаҳ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Омӯзгор Ҳалимов, як сокини дигари Рашт ин падидаро дар шароити кӯҳистон муҳим мехонад. Ӯ мегӯяд, дар тирамоҳу зимистони имсол ҳудуди 5.000 сокини ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт натавонистаанд, ҳатто телевизиони Тоҷикистонро тамошо кунанд. Пахши амвоҷи телевизиони Русия бино бар тазаккури аксари мусоҳибони мо дар бештари мавозеъ низ мувофиқи матлаб набудааст.

Аммо Расули Раҳимзод, муҳандиси истгоҳи садову симои тоҷик дар Рашт бар дигар назар аст. Ӯ мегӯяд, ҷиҳати дастрасӣ ба амвоҷи телевизиони кишвар тайи чанд соли ахир дар доираи барномаи «Мавҷи Сомон» ҳудуди сад дастгоҳ мавҷгирҳои моҳвораӣ дар нуқоти водӣ насб гардидааст. Ин дар ҳолест, ки бо таъйиди масъули ин истгоҳи телевизионӣ ҳанӯз 15 фисади сокинони ин минтақа, ки дар деҳоти дурдаст қарор гирифтаанд, аз тамошои барномаҳои телевизиони кишвар маҳрум мондаанд ва дар назар аст, ин мушкил бо роҳандозии барномаҳои нав рафъ бишавад.

Ҳамзамон, тоҷирони раштӣ дар худи минтақа фурӯши ин дастгоҳҳоро хуб ба роҳ мондаанд. Дар пешорӯи бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ин мол зуд ба фурӯш мерафтааст.
XS
SM
MD
LG