Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якуми май: Ҷавонони коргар ва бекори тоҷик


Якуми май дар аксар кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон, рӯзи байналмилалии коргарро таҷлил гирифтанд. Маъхазҳои таърихӣ оид ба ин ҷашн мегӯянд, ки дар соли 1884 Анҷумани тоҷирону иттиҳодияҳои коргарии Амрико талаби ҷоришавии қоидаи рӯзи кории 8-соатаро талаб карданд. Ва баъди ин ҳама нирӯҳои сиёсие, ки аз номи мардуми коргар садо баланд мекарданд, ҳамеша таърихи 1-уми майро барои изҳори норизоиятҳои сиёсиву иҷтимоии коргарон истифода мекарданд. Ва унвони рӯзи расмии истироҳатро барои коргарон ин ҷашн дар солҳои шӯравӣ ба худ ихтисо додааст.

Хуб, ин буд, руҷӯъе ба сарчашмаҳои таърихӣ, аммо ҳоло ман мехоҳам, ки мо роҷеъ ба шароити зисту кори ҷавонони имрӯзаи коргар сӯҳбат кунем, ҷавонони тоҷике, ки дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он ба сар мебаранд. Ин навбат мо на ба Русия меравем, ҳарчанд ин кишвари аслие аст, ки муҳоҷирони тоҷик дар он тамаркуз ёфтаанд, балки ба Туркия. Дар ин кишвар дар баробари тоҷирон инчунин садҳо донишҷӯи тоҷик дар шаҳру манотиқи мухталифи ин кишвар бо таҳсилу кор машғул мебошанд. Ҳабиб Юсуфӣ, ҷавони 24-солаи тоҷик яке аз онҳост. Ӯ дар донишгоҳи меъмории Истамбул таҳсил мекунад, дар як ширкати сайёҳӣ ба ҳайси роҳбалад кор мекунад ва мегӯяд, ҷавонони тоҷик дар Туркия дар дӯконҳо ва дар ширкатҳои сайёҳӣ кор мекунанд. Ҳабиб мегӯяд, мавсими сайёҳат дар Туркия аз авохири моҳи апрел шурӯъ мешавад ва шаш моҳ давом мекунад. Дар мавриди даромади ҷавонони тоҷике, ки дар Туркия кор мекунанд, Ҳабиб гуфт, чизе ҳудуди панҷсад доллар дар моҳ ба даст меоранд ва ин ба гуфтаи Ҳабиб барои зиндагии як донишҷӯ дар Туркия кам будааст. Ва аммо дар баробари донишҷӯёне, ки худ дар пайи дарёфти сарчашмаи рӯзгорашон ҳастанд, Ҳабиб мегӯяд, бархеи дигар аз дониҷӯёни тоҷик ду дида ба ирсолҳои пули волидонашон ҳастанд.

Аммо барои бахши дигари ҷавонони коргар, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, масъалаи набуди шароити мусоиди амниятиву иҷтимоӣ ҳамчун як мояи норизояташон маҳсуб меёфтааст. Мусоҳиби навбатии мо дар Душанбе дар созмони Хадамоти байналмилалӣ барои аҳолӣ кор мекунад. Ин созмон ҷавононро дар роҳи ҷилавгирӣ аз олудашӣ ба маризиҳои зӯҳравиву вирусҳои марговари мисли СПИД омӯзиш медодааст. Шайдо Шукурбеков, ки 22 сол дорад, мегӯяд, ба ҳайси як ҷавони коргар қабл аз ҳама хоҳони фазои солими корӣ дар ин ҷомеъа мебошад.

Дуруст аст, ки мо имрӯз бояд бештар оид ба ҷавонони коргар сӯҳбат кунем. Аммо воқеият ин аст, ки дар Тоҷикистон аз ҳар чаҳор нафар бекор се нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксари онҳо дар манотиқи кӯҳистон ва деҳот ба сар мебаранд. Рафоат, сокини 26-солаи деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ӯ хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии кишвар аст, аммо имрӯз дар ҷое кор намекунад. Ӯ мегӯяд, дар ҳеҷ ҷои коре маоши кофӣ намебинад, ки рӯзгорашро ба сомон бирасонад. Рафоат ҳамчунин расман ҳамчун бекор низ сабти ном нашудааст ва дар феҳраси афроди бекори берун аз омор шомил аст.

Назар ба арзёбии ҷомеашиносон, имрӯз аксари ҷавонони бекор айнан сарнавишти Рафоатро доранд. Онҳо соҳиби дипломи донишгоҳ ҳастанд, аммо ин диплом онҳоро бо ҷои кори муносиб таъмин намекунад. Рустам Бобоҷонов, таҳлилгари иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аст. Ва роҷеъ ба мизони бекории ҷавонон дар кишвар ӯ иттилоъ дод, бар асоси чӣ омори расмӣ ва чӣ пажӯҳишҳои иҷтимоии маҳалливу байналмилалӣ 70-80 дар сади бекорони ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмиро дар Тоҷикистон ҷавонно ташкил медиҳанд. Рустам Бобоҷонов мегӯяд, бо иллати пастии сифати таълими гирифтаи донишҷӯ ва ҳам ба қадри кофӣ набудани ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори кори дарунӣ, дар Тоҷикистон баъзе ҷойҳои кори холӣ мутахассис намеёбад. Ҷаноби Бобоҷонов мегӯяд, бозори нерӯи Тоҷикистон ба мутахассисони соҳаи сохтмон, энержӣ, кӯҳистон, кишоварзӣ эҳтиёҷ дорад.

Тавре мусоҳиби мо Рустам Бобоҷонов, таҳлилгари иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ба хотири таъмини худ бо ҷои кори шоиставу дорои маоши муносиб, ҷавонон бояд ҳамгом бо таҳаввулоти иқтисодии кишвар ҳаракат кунанд. Дар ин ҳолат мешавад, дар замони муайян соҳиби касби муносиб ва ҳам ҷои кори хуб гардид.
XS
SM
MD
LG