Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душанбе аз чоҳҳои зеризаминӣ об хоҳад нӯшид"


Маркази иҷрои тарҳи обрасонии шаҳри Душанбе қасд дорад, то ду соли оянда дар таъмини мардуми пойтахт бо оби ошомиданӣ аз наҳваи истифодаи чоҳҳои артезианӣ ва ё оби зеризаминӣ кор бигирад. Раиси маркази мазкур, Ҳамроҳқул Самиев, зимни нишасти хабарии ахири худ дар шаҳри Душанбе гуфт, бар асоси як тарҳи пешниҳод гашта қарор аст, то ду соли оянда таъмини мардуми пойтахт бо оби ошомиданӣ танҳо тавассути истифодаи чоҳҳои зеризаминӣ роҳандозӣ шавад. Оқои Самиев гуфт, иҷрои тарҳи ёдшуда ду марҳаларо дар бар мегирад ва барои иҷрои марҳалаи аввал Бонки исломии рушд беш аз 9 миллион доллар ҷудо менамояд. Оқои Самиев афзуд, феълан, ин марказ тарҳи марҳалаи дуввумро низ бо ҳазинаи 18 миллион доллари амрикоӣ омода сохтааст ва он барои таъйид ба Бонки исломии рушд пешниҳод шудааст. Дар ҳоли ҳозир, таъмини 50 дарсади сокинони шаҳри Душанбе бо оби ошомиданӣ мустақиман аз рӯдхонаи Варзоб, бидуни анҷоми амали поккорӣ сурат мегирад ва гилолуд шудани оби ин рӯдхона, ба вижа, дар рӯзҳои борандагӣ масрафи онро комилан ғайри имкон мегардонад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG