Пайвандҳои дастрасӣ

Доиратулмаорифи Кӯлоб нашр мешавад?


Тибқи иттилоъи таърихшиносон, пас аз ду соли нигоштани ин асар чанд тан аз муаллифон аз идомаи кор дар «Доиратулмаориф» худдорӣ кардаанд. Музаффар Азизӣ, муаррих ва як тан аз муаллифони «Доиратулмаорифи Кӯлоб»:

«Хайр онро ба мо дер оварданд. Ин корро аввал Юсуфшоҳ Ёқубов бар дӯш гирифт, вале аз ӯҳдааш набаромад ва 3-4 моҳ пеш онро ба Энсиклопедияи советии тоҷик доданд. Боз бачаҳо даводав карданд, мавод ҷамъоварӣ карданд. Бояд акнун чоп шавад. Ҳоло то ҳарфи «С» расидаанд. Аммо боз мегӯям, ки дер оварданд онро»

Сафармуҳаммад Айюбзода, шоир ва рӯзноманигор меафзояд, дар мавриде, ки воқеан ҳам бо сабаби камии маъош бархе аз муаллифон аз нигоштани Доиратулмаориф даст бардоштаанд, зумрае аз аҳли килк, ҳамчун Толибҷон Бобоев тақрибан ройгон ба навиштани Доиратулмаорифи Кӯлоб камар бастаанд.

Тибқи иттилоъи Музаффар Азизӣ барои навиштани Дориатулмаориф 30.000 сомонӣ ҷудо шудааст. Аммо мушаххасан маълум нест, ки ин маблағ куҷо шудааст. Ин дар мавридест, ки бар асоси иттилоъи мутахассисин дар се моҳи дигар усулан рӯи чоп овардани «Доиратулмаорифи Кӯлоб», ки тибқи дастур таърихи беш аз 2.700 соли ин минтақаро бо ҳама бурду бохт, шаҳрдориву ҳунармандӣ, косибиву адабпарварӣ ва ҳарбу зарбҳо дар бар гирифтааст, тақрибан имкон надорад. Сафар Айюбзода мегӯяд:

«Ҳеҷ вақт ин кор муяссар намешавад, дар ин чанд моҳе, ки мондааст. Лекин шояд дар ин маврид аз дигар энсиклопедияҳои қаблӣ ва аз таърихномаҳову очеркҳои таърихӣ истифода баранд.»

Музаффар Азизӣ мегӯяд, ягона роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони сари «Доиратулмаорифи Кӯлоб» омада ин аст, ки онро аз ҳисоби Энсиклопедияи шӯравии тоҷик комилтар гардонанд ва асарҳои муаррихинро, ки роҷеъ ба таърихи Кӯлоб нигошта шудаанд, шомили он кунанд.

Дар ҳамин маврид, Юсуфшоҳ Ёқубов, академики тоҷик ба хабаргузориҳо гуфтааст, ду таърихномаи дигар «Таърихи Кӯлоби аҳди қадимтарин то асри 20 дар бастагӣ ба тадқиқоти бостоншиносӣ», ва «Таърихи Кӯлоби бостонӣ аз рӯи сарчашмаҳои хаттӣ» таҳия ва ба чоп омода шудааст.
XS
SM
MD
LG