Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёде аз ҳунарпешаи саршиноси тоҷик Гурминҷ Завқибеков


Дар таърихи якуми май аҳли ҳунари Тоҷикистон барои таҷлили 77-умин солгарди мавлуди ҳунарманди саршиноси кишвар марҳум Гурминҷ Завқибеков дар осорхонаи ин ҳунарманд гирди ҳам омаданд. Ин маросим бо пуштибониии бунёди Оғохон баргузор шуд. Қарор аст, барои меҳмонон намоишномае бо исми "Савти Аторуд" бо ширкати Гурминҷ Завқибеков ба маъраз гузошта шавад ва инчунин як барномаи хуби консертӣ ба намуна аз оҳангҳои мардуми Бадахшону Хатлон ҳам тақдим шавад. Ҳамсари ҳунарманди марҳум хонум Тамара, ки 73 сол дорад, дар бораи ҳадафи аслии баргузории чунин як маросим дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Идеяи онҳо ин аст, ки як филмеро бо ширкати Гурминҷ ба намоиш гузоранд ва ба ин васила шаби поси хотири ӯро барпо кунанд. Аммо мақсади ниҳойӣ ин аст, ки дӯстони Гурминҷро ба ҳам оварда, аз ӯ бори дигар ёд кунанд, як консертаки хурд гузоранд."

Дар осорхонаи Гурминҷ Завқибеков беш аз 100 намуд асбобҳои мусиқӣ гирд оварда шудаанд, ки аз фарҳанги мусиқии мардуми Тоҷикистон, Афғонистону Эрону Покистон ҳикоят мекунанд. Ҳунарманд Гурминҷ Завқибеков дар соли 2003 дар синни 74 солагӣ даргузашт. Баъди сари ӯ, ҳамсар, ду писар ва панҷ набера боқӣ мондаанд. Аммо барои мухлисони созу наво ва синамои миллӣ чеҳраи оқои Гурминҷ дар навори намоишномаҳои синамогарони тоҷик боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG