Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҳангсози тоҷик, ки орзу дорад, барои Гугушу Муъин оҳанг бисозад


Аксар овозхонони шинохтаи Тоҷикистон, ҳам иҷрокунандаҳои оҳангҳои мардумӣ ва ҳам таронаҳои замонавӣ дар шаби эҷодии як оҳангсози боистеъдод иштирок карданд.

Диловари Зуҳуриён дар рӯзи охирини моҳи апрел дар Кохи Борбади пойтахти Тоҷикистон як намоишномаи ҳунарии худро гузошта буд, ки ба қавли худаш, ситораҳои мусиқии имрузайи мардумиро гирди ҳам овард.

Диловар ҳарчанд ҳамагӣ 32 сол дорад, аллакай ҳамчун оҳангсози хушзавқ ном баровардааст. Вай муаллифи оҳангҳои барои шумо хуб ошнойи "Дили дардманд", "То ҳастаму ту ҳастӣ"-и Манижаи Давлат, таронаи "Модар" ва "Гӯшаи бом"-и Сироҷиддини Фозил аст.

Аммо тавре аз сӯҳбат бо ин ҳунарманд бармеояд, ӯ ҳанӯз аз кори худ чандон қаноатманд нест ва орзу дорад, таҳсили мусиқиву ҳунарии худро дар хориҷа идома диҳад. Диловар орзу дорад, дар Консерваторияи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ таҳсил бикунад, ва барои Муъину Гугуш оҳанг бисозад. Ин ва дигар нақшаҳои Диловари Зуҳуриёнро бо пахш кардани рамзи радио дар паҳлӯйи сарлавҳаи ин матлаб аз забони худи ӯ бишнавед, ки сӯҳбаташро аз зикри исми ҳунармандони ширкатдори консерти шаби эҷодиаш шурӯъ кард.

Вобаста

XS
SM
MD
LG