Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии фурӯши нерӯи барқи Тоҷикистон ба хориҷ


Масъалаи содир кардани нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон дар оғози ҳафтаи оянда дар як нишасти ҳайъатҳои ҳукуматии ин ду кишвар дар шаҳри Исломобод матраҳ хоҳад буд. Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи Тоҷик» гуфтааст, дар ин гуфтушунидҳо масоили марбут ба бунёди хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тариқи хоки Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Ҷаноби Самиев гуфтааст, бо шурӯъи кори нерӯгоҳҳои бузурги худ Тоҷикистон харидорони аслии барқи худро дар симои Покистон, Эрон ва Афғонистон мебинад. Ва дар ҳамин ҳол, ширкати "Барқи Тоҷик" аз тавофуқи дигар бо Русия иттилоъ дод, ки бар асоси он дар фасли тобистон нерӯи барқи Тоҷикистон ба ҷануби Русия интиқол хоҳад шуд. Алексей Силантев, муовини раиси ширкати "Барқи Тоҷик" гуфт, дар ин бобат тарҳи як санади байнидавлатӣ омода шудааст, ки аз сӯи се кишвари Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон имзо шуда ва танҳо Ӯзбакистон ҷиҳати имзо гузоштан ба ин тарҳи санад танаффус хостааст, то аз раҳбарияти ҳукумати худ дар ин маврид иҷоза бигиранд.
Бар асоси иттилоъи масъулони ширкати "Барқи Тоҷик", Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ аз хориҷ бештар аз миллиард киловатт соат барқ харидорӣ карда ва танҳо ба Афғонистон дар ин муддат 13 миллион киловатт соат барқ содир кардааст. Тавлидоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ин семоҳаи авали сол бештар аз се миллиард киловатт соат барқ будааст. «Барқи Тоҷик» аз ҷумла хабар додааст, ки дар оянда дар назар аст, дар водии Зарафшон силсилаи нерӯгоҳҳои хурд бунёд бишавад. Хабар ҳокӣ аз он аст, ки Чин изҳори омодагии сохтмони шаш нерӯгоҳ дар ин водӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, бино бар гуфтаи раҳбари ширкати «Барқи Тоҷик», сари бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун миёни ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузори ин тарҳ, ширкати русии «Русал» ҳанӯз мувофақае нашудааст.
XS
SM
MD
LG