Пайвандҳои дастрасӣ

Cамбӯсаи шифобахш


Аслан сӯҳбат аз он сар шуд, ки оё дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба гиёҳхорӣ (вегетарианство), ки барои саломатию дарозумрии инсон хеле судманд аст, то куҷо доман дорад ва дар китоби таъомҳои миллии тоҷикӣ чанд хӯроке зикр шудааст, ки бидуни гӯшт пухта мешаванд. Ноаён ҳамсӯҳбатон аз Прага ва Душанбе дар шеваи таҳия ва пухтани самбӯсаи варақии алафии танӯрӣ таваққуф карданд ва тавсияҳоеро шуниданд, ки дар фасли баҳор аз кадом алафу сабзиҷот мешавад самбӯсаи олӣ пухт. Сӯҳбат ончунон гарм шуд, ки ҳеҷ кас надонист, чи гуна фурсати барнома ба поён расид.

Шуморо огоҳ мекунем, ки бо "ангушт" задан ба рамзи радио дар охири сарлавҳа ин гуфтугӯ ва оҳангҳои зебои тоҷикиро хоҳед шунид, вале дар поёни барнома сахт гурусна хоҳед шуд ва дар ҷустуҷӯи самбӯсаи алафӣ ё кадугӣ хоҳед афтод.

Вобаста

XS
SM
MD
LG