Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба ҳузури ҳарбии Ҳинд дар Тоҷикистон мухолиф нест


Дар ҳоле ки матбуоти Русия барномаи таъсиси эҳтимолии пойгоҳи ҳарбии Ҳиндустонро дар Тоҷикистон зери танқид гирифта, хилофи манфиатҳои миллии Русия меномад, бархе аз мақомоти Маскав мегӯянд, ба чунин тарҳ мухолифат надоранд. Раиси кумитаи дифоъ ва амният дар Шӯрои федерасиюн ё палатаи болоии порлумони Русия Виктор Озеров гуфт, дуруст аст, ки Тоҷикистон узви Паймони амнияти дастҷамъонаи кишварҳои ҳамсуд аст, аммо усули ин аҳднома таъсиси пойгоҳҳои хориҷиро дар он манъ намекунанд. Озеров, ки ба думболи иҷлосияи Маҷмаъи байнипорлумонии кишварҳои ҳамсуд дар нишасти хабарӣ дар Санкт-Петербург суханронӣ мекард, афзуд, "Чунин тасмим метавонад дар салоҳияти порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон бошад, ки нирӯҳои кадом кишварро дар қаламрави худ ҷой бидиҳад ва кадомеро на. Мо ба умури дохилии кишварҳои дигар мудохила намекунем."
Вале расонаҳои ахбори оми Русия менависанд, падидории нирӯҳои нави хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон метавонад, аҳамияти пойгоҳи ҳарбии русияро дар таъмини сулҳу амният коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG